Нашрияи Омӯзгор

Эҳтиром аз кори неку ёфта

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Адабиётшинос ва рўзноманигори тоҷик, доктори илми филология, профессор Абдусаттор Нуралиев аз зумраи он устодони ҳамкори мо буданд, ки дар зиндагӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардаву аз тақдиру кору пайкорашон қаноатманд буданд. Эшон бо меҳри касбу самимияти устодӣ сўйи донишгоҳ меомаданду бо муҳаббати падарӣ ва шарафи бобоӣ сўйи хона мешитофтанд. Зиндагиашон чунон рангину ибратомез буд, ки ба ҳамкорону шогирдон неру мебахшид.

Абдусаттор Нуралиев 22 августи соли 1941 дар ноҳияи Қўшработи вилояти Самарқанди Ўзбекистон ба дунё омадааст. Вале аҷдодаш аслан аз деҳаи хушманзар ва куҳанбунёди тоҷикнишини Моҷарми ноҳияи Фориш буда, бинобар тангии рўзгор дар кўҳистон ба манотиқи навободи ҳамсоя кўч бастаанд. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ оилаи онҳо дар дашти Қизилқум (ҳамсарҳади қаторкўҳҳои Нурато) маскан мегузинад. Давраи туфулияти муаллим дар ин ноҳияи Қазоқистон сипарӣ гардида, аз овони ҷавонӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардаанд.

Роҳи донишомўзии олими оянда соли 1948 аз таълимгоҳи деҳаи Чордараи ноҳияи Қизилқуми вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ибтидо гирифтааст. Ў аз хурдсолӣ ҳассосу ҳушманд буд, дар мактаб бо баҳои аъло мехонд, асарҳои бадеиро бо забонҳои русию қазоқӣ мутолиа мекард, ба навиштани хабару гузоришҳои хурд даст мезад. Ҳанўз дар давраи мактабхонӣ меҳри рўзноманигорӣ дар дилаш ошён гузошта буд.

Бо вуҷуди ин, пас аз хатми мактаби миёнаи умумӣ (соли 1959) якбора ба мактаби олӣ нарафт, зеро дар донишгоҳҳои наздиктар факултети журналистӣ набуд, ў бошад, танҳо меҳри ҳамин касбро дар дил мепарварид. Ба ин манзур, солҳои 1959-1961 ба сифати ёвари механики бригадаи пахтакорӣ, котиби комсомол ва мухбири газетаи ноҳиявии «Мақташӣ» («Пахтакор») кор кард.

Ҳангоми фаъолият дар газетаи «Мақташӣ» Абдусаттори ҷавон кўшиш менамуд, ки муҳити рўзноманигориро омўзад, худро дар фазои касби оянда санҷад. Се соли хизмати аскарӣ (1961-1964) дар шаҳрҳои гуногуни Россия – Хабаровск, Биробидҷон ва сарҳади Шўравию Ҷумҳурии халқии Хитой, низ идомаи ин санҷиш гардид. Қобилияти забондонӣ ва нигорандагиашро ба эътибор гирифта, раҳбарияти қисми ҳарбӣ ўро ба ҳайати эҷодии рўзномаи округи ҳарбии Шарқи Дур «Суворовский натиск» шомил намуданд. Фаъолият дар ин нашрияи ҳарбӣ сарнавишти ояндаи ўро муайян кард. Муҳаррири нашрияи мазкур қобилияти рўзноманигорӣ ва ҷўяндагиашро ба назар гирифта, Абдусатторро барои дохил шудан ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон тавсия дод.

Ҳамин тавр, Абдусаттор Нуралиев соли 1964 донишҷўи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ) гардид ва ин боргоҳи илмро соли 1968 бо дипломи аъло хатм намуда, бо амри сарнавишт ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) меояд, аниқтараш, ўро ба Душанбе даъват мекунанд. Даъвати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ў ба хушӣ пазируфт.

Дар он солҳо барои шуъбаи навтаъсиси журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон омўзгорони тахассусӣ камёфт буданд. Абдусаттор Нуралиев дар ин шуъба ба сифати муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР фаъолияти омўзгорӣ ва илмиашро оғоз намуд. Ў дар баробари шуғли омўзгорӣ бо маслиҳату сарварии устоди шодравон Воҳид Асрорӣ баҳри мустақил намудани шуъбаи журналистика, интихоби донишҷўёни қобилиятнок, таҳияву тартиби барномаҳои таълимии тахассуси рўзноманигорӣ, мустаҳкам намудани робитаи донишҷўён бо ВАО кўшиши зиёде ба харҷ дод. Ин иқдомҳо ба хусус дар давраи чун масъули бахши журналистикаи кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР, муовини декани факултети филология доир ба корҳои таълимӣ (1977) ва муовини декан оид ба шуъбаи журналистика (1987-1992) фаъолият доштани ў хеле самарабахш будааст.

Соли 1991 дар заминаи шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷик факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфт, ки аввалин декани он профессор Иброҳим Усмонов буданд. Соли 1992 муаллим И. Усмонов ба кори давлатӣ ҷалб шуданд. Масъалаи интихоби декани нав ба миён омад. Албатта, вазифаталабон кам набуданд, аммо ҷамоаи меҳнатӣ номзади декани равандаро дастгирӣ намуда, Абдусаттор Нуралиевро бо як овоз ба вазифаи декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ интихоб намуданд. Муаллим то соли 1996 ин вазифаро ба дўш доштанд.

Солҳои декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ будани профессор Абдусаттор Нуралиевро, новобаста аз «айёми ҳукмронии Калашников», метавон давраи ташаккул ва аз худ даракдиҳии факултет номид. Дар он солҳо, ки авзои кишвар ноором буд, кадрҳои бе ин ҳам камшумори таҳсилоти олии журналистӣ парокандаву ноумед гардида, аксар тарки Тоҷикистону Душанбе карда буданд. Бар замми ин маоши кофӣ набуд, балки барои сари вақт гирифтани он ҳам кафолат дода намешуд. Декани нав ҳамчун шахси масъул, якҷоя бо мудирони кафедраҳо илоҷи ҳалли масъаларо меҷуст. Маслиҳат шуд, ки собиқадорони матбуот ва публитсистонро ба раванди таълим ҷалб кунанд. Адибону публитсистони маъруф хоҳиши муаллим Нуралиевро барои дарсҳои соатбаъй гузаштан «рад карда натавониста», бо факултет ҳамкорӣ мекарданд. Ройгон ба дарсдиҳии журналистони оянда омада рафтани устодон Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Ҳамроқул Шодиқулов тавассути роҳи пиёдагарди «Ҷазира»-ро метавонед тасаввур намоед? Ва ё хоҳиши муаллим Нуралиевро бо иловаи муассири «устод Асрорӣ мехостанд, ки…» бегуфтугў пазируфта, ҳамчун ҳамкор ба дарс шитофтанҳои журналистони маъруф Мирзо Юсуфов, Турсунпўлоди Аминҷон, Зинатуллои Исмоил бе даъвои маошу дастмузд, бе дархости шароити мусоиди кор, ақаллан мизу курсии алоҳида дар кафедра, ба ғайри рўҳбаландӣ аз вуҷуди факултети мустақил ва ифодаи самимият ба устодон, дар паҳлуи муаллим Нуралиев будан дар рўзҳои вазнин, дигар бо чӣ омил метавон асоснок намуд?

Хамин тавр, Абдусаттор Нуралиев новобаста ба вазъи ноором, мушкилоти маошу омўзгор, тўли декании худ факултети навтаъсисро ба по хезонида, ҷанбаҳои кадрӣ, таълимӣ ва тарбиявии онро вусъат бахшиданд.

Соли 1996 муаллим ба вазифаи мудири кафедраи матбуот интихоб гардида, то соли 1999 сарварии онро ба дўш доштанд. Дар ин солҳо муаллим ҳамчун мудир нақша ва барномаҳои таълимиро таҷдид намуда, баҳри мустаҳкамтар намудани робитаи кафедра бо идораю ташкилотҳои ВАО кўшиши зиёд харҷ намуданд.

Соли 1999 бо ташаббус ва ҷаҳду талоши муаллим Нуралиев дар факултет аввал кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷа, дере нагузашта, кафедраи журналистикаи байналхалқӣ таъсис ёфт. Бо талошу иқдоми Нуралиеви мудир дар зарфи ду сол ҳайати кафедра аз ҳисоби ҷавонони болаёқат пурра гардонида шуд, бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Робитаи сафоратхона ва созмонҳои байналмилалӣ бо факултет ҷон гирифт. Аз ҷумла, бо ташаббуси ў дар факултет Синфхонаи матбуоти Эрон таъсис ёфт ва робита бо Донишкадаи хабарии Эрон ба роҳ монда шуд. Дар ҳамкории корейягиҳо утоқи дигар боз гардид. Ният буд, ки чунин тадбирҳо бо сафоратхонаҳои дигар кишварҳои ҳамсоя низ ба роҳ монда шавад. Аммо нотавонбинии баъзе ҳамкорон сабаб гардид, ки соли 2001 ин кафедраи қоматросткардаистода баста шавад. Барои муаллим Нуралиев ин зарбаи сахти равонӣ буд, лек дасти камҳунарон дар ин масъала боло буд.

Ректори вақти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторов ба муаллим Нуралиев пешниҳод намуд, ки дар ДСРТ кафедрае таъсис дода, таҳсилоти журналистиро роҳандозӣ кунанд. Ҳамин тавр, бо ташаббус ва кўшишҳои муаллим сентябри соли 2002 дар ин донишгоҳ кафедраи таърих, назарияи журналистика ва ВАО-и чопӣ таъсис дода шуд, ки бунёдгузор ва аввалин мудираш профессор Абдусаттор Нуралиев мебошанд. Муаллим то охири умр (20 марти соли 2020) дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аввал ба сифати мудири кафедраи мазкур (2002-2012) ва минбаъд ба сифати профессори кафедраи журналистикаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият намуда, заминаҳои илмӣ ва таълимии бахши журналистикаи факултети филологияи ин донишгоҳҳро мустаҳкам намуданд.

Абдусаттор Нуралиев робитаҳои адабии халқҳои тоҷику қазоқро мавзуи асосии пажўҳиш қарор дода, бидуни саросемагиву ҳатулкорӣ ва гирифтани унвони илмӣ ба омўзишу таҳқиқи мўшикофонаи он машғул гардид. Ғояву андешаҳои хулосавии асарҳои таълифотиаш дар қолаби 5 рисолаву монография ва беш аз 50 мақолаи илмиву оммавӣ ва ба табъ расиданд.

Муаллим кори таҳқиқоти худро бефосила идома дода, дар натиҷаи меҳнати зиёд, соли 1998 дар мавзўи «Робитаи адабии халқҳои тоҷику қазоқ дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX (Абай ва давраи баъд аз Абай)» рисолаи докториашро бомуваффақият дифоъ кард. Соли 2002 унвони илмии профессориро соҳиб гардид.

А. Нуралиев ҳамчун раиси ташкилоти «Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Қазоқистон» қазоқони муқими Тоҷикистонро мавриди омўзиш қарор дода, соли 2016 донишномаеро таҳти унвони «Казахи Таджикистана» ба табъ расонд, ки дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дўстони ин ду кишвар аз аҳамият холӣ нест.

Ҷанбаи  дигари фаъолияти пажўҳишии А. Нуралиев соҳаи нисбатан нави илми журналистика мебошад. Ў яке аз аввалин омўзгорони шуъбаи журналистикаи УДТ аст, ки мақолааш таҳти унвони «Журналистикаи миллатҳои шўравӣ» бо ҳаммуаллифии профессор В. Асрорӣ дар китоби «Советская многонациональная журналистика» (М., 1975) доир ба журналистика ва матбуоти тоҷик ҷой дода шудааст.

Дар замони бозсозӣ ва соҳибис-тиқлолии кишвар Абдусаттор Нуралиев ба масъалаҳои таърих ва назарияи журналистика таваҷҷуҳи бештар намуда, пажўҳишҳои зиёди илмиву таълимиеро анҷом дод.

Мактаби илмии профессор Нуралиев дар тайёр намудани кадрҳои болаёқати илмӣ, ба шоҳроҳи илм ворид намудани ҷавонони илмдўст дар пешравии улуми журналистика ва филология саҳмгузор аст. Зери роҳбарии ў 26 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Бо шарофати фаъолияти пурмаҳсул ва хизматҳои шоиста А. Нуралиев бо ҷоизаҳои Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Россия (2011), медали «Собиқадори меҳнат», медали «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистон» ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шудааст. Воқеан муаллим ба ҳамаи ин ҷоизаҳо сазоворанд, аммо ҷоизаи баландтарин одамият ва касбияти эшон аст, ки дер боз дар қалби шогирдону ҳамкорон ва дўстону наздикон боқӣ хоҳад монд.

Мурод МУРОДӢ,

профессори кафедраи

матбуоти ДМТ,

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,

муаллими калони кафедраи

матбуоти ДМТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш