Нашрияи Омӯзгор

Ёди ў дар дил

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 846        Шарҳ: 0

 

Ҳайати  омўзгорону кормандон ва хонандагони МТМУ №44 ба номи Холмат Боеви деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич соли нави хониши 2021- 2022-ро бе устоди кордон, сарвари ғамхор, устоди зиндаёд Мирраҷабов Миркарим оғоз намуданд.

Устод Миркарим Мир-раҷабов соли 1955 дар деҳаи Далёни ноҳияи  Деваштич дар оилаи  омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби миёнаи №9, соли 1973 ба факултети таърих ва ҳуқуқи ДДТ ба номи В.И. Ленин (Холо ДМТ) ҳуҷҷатҳои худро супорида, сазовори номи донишҷў гардид.

Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 1978 то соли 1982 дар мактаби № 9-и зодгоҳаш ҳамчун омўзгори  таърих ва ҷомеашиносӣ ба  фаъолият оғоз намуда, соли 1982-1983  дар сарзамини Афғонистони ҳамсоя  ҳамчун тарҷумон хизмати Ватанро адо намудааст. Аз соли 1983 то соли 1999 дар мактаби №9-и деҳаи Далён аз фанни таърих ба шогирдон дарс мегуфт. Қобилияти ташкилотчигии устод буд, ки аҳли деҳа он касро ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Далёни Боло пешбарӣ намуданд ва устод аз соли 1999-2004 ин вазифаро ба дўш дошт.

Солҳои  2004-2007 дар мактаби навтаъсиси №44-и деҳа ба ҳайси омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дарс гуфта, солҳои 2007-2009 ҳамчун  мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия ва аз солҳои 2009-2018 то ба нафақа баромадан вазифаи директори МТМУ №44-ро ба уҳда дошт.

Аз соли 2018 то лаҳзаҳои охирини ҳаёт омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №44 буд. Марги нобаҳангоми устоди зиндаёдро соли равон  аз байни мо, шогирдон, даррабурд.

Хизматҳои шоёни устод Миркарим Мирраҷабов бо як қатор ордену медалҳои махсуси ҷангӣ ва нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр  гардидаанд.

Хотири неки Миркарим Мирраҷабов дар дили мо, омўзгорон, хонандагон ва аҳли деҳа боқӣ хоҳад монд.

 

З. Додоев,

директори МТМУ №44, ноҳияи Деваштич

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш