Нашрияи Омӯзгор

Шишаи номуси миллат дар бағал

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

(Ёде аз Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 дар маросими кушодани нимпайкараи Нусратулло Махсум чунин қайд карда буданд:

«Таърих гувоҳ аст, ки асри ХХ барои миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик асри талошу муборизаҳо барои эҳёву барқарорсозии давлат ва асри бедории миллат буд...

Барои бақову ҳастии миллат, эҳёи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, озодиву адолат ва ҳақиқати таърихи халқи тоҷик хизмати Нусратулло Махсум басо назаррас аст…»

Нусратулло Махсум 1 июли соли 1881 дар деҳаи хушманзараи Чашмаи Қозии ноҳияи Рашт, дар хонаводаи деҳқони заҳматкаш чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ў аз хурдсолӣ ба корҳои падар ёрӣ мерасонд ва меҳнати пурзаҳмати деҳқонро хеле хуб дарк мекард.

Таълими ибтидоиро дар мактаби хусусии деҳа гирифт. Шароити душвори иқтисодиву иҷтимоии оила ўро маҷбур кард, ки аз ҷавонӣ бо хешу табор, хонаву дар ва диёри азизаш падруд гуфта, дар мулки бегона бахти худро биҷўяд. Ҳамроҳи садҳо ҳамдиёраш – коргари мавсимӣ дар ҷустуҷўи кор ва рўзгори хуш ба шаҳрҳои саноатии кишвари Туркистон меравад.

Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои эътирозии шаҳри Хуҷанд дар давраи инқилоби якуми рус (солҳои 1905-1907) фаъолона иштирок дошт.

Соли 1920 ў ба сафи ҳизби болшевикон (коммунист) ворид мешавад. Соли 1921 дар радифи муборизон ва барпокунандагони Ҳокимияти Шўравӣ дар Бухорои Шарқӣ шомил гардид.

Аз соли 1921 то соли 1923 ў ҳамчун намояндаи Кумитаи таъмини озуқаи Ҷумҳурии Халқии Бухоро (ҶХШБ) оид ба қисмҳои Армияи Сурх дар Ғарм, раиси Кумитаи фавқулодаи Бухоро Шарқӣ, раиси Кумитаи озуқа дар Душанбе адои вазифа кардааст. Ў дар торумори дастаҳои босмачиён фаъолона иштирок намудааст.

Аз соли 1924 то соли 1929 дар вазифаи Раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва аз соли 1929 то соли 1934 дар вазифаи Раиси Кумитаи инқилобии ҶШС Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Бо мақсади таъсис додани Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба унвони роҳбарони ИҶШС, алалхусус, ба номи Котиби генералии КМ РКП (б) И.В. Сталин борҳо номаҳо навиштааст.

Нусхаи ҳуҷҷатҳо ва номаҳои навиштаи Нусратулло Махсум дар бойгониҳои шаҳри Тошкент ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Аввалин коре, ки Нусратулло Махсум созмон дод, муборизаи ҷасуронаи ў, дар доираи қавоиду қавонини онвақта, алайҳи пастзании ҳуқуқи тоҷикон дар бисёр бахшҳои ҳаёту зиндагӣ, алалхусус, дар ташкили давлати миллӣ (ҷумҳурии мустақили тоҷикон) маҳсуб меёфт. Ҳанўз ҳангоми дар вазифаи муовини раиси КИМ-и Ҳокимияти Шўравӣ буданаш ба шаҳри Тошканд омада, бо суратҷаласаи Комиссияи марзбандиҳои миллӣ – давлатӣ ошно гардида, аз он сахт норозӣ шуд. Билохира, ў ба номи Котиби кулли КМ РКП (б) И. В. Сталин номаи эътирозӣ навишт.

Нусратулло Махсум ин даъвояшро бо далелу рақамҳои мушаххаси баҳснопазир исбот мекунад. Чунончи, ў навиштааст:

«Ҳангоми марзбандии давлатӣ дар қаламрави Осиёи Миёна аз 1.245000 аҳолии тоҷики ин сарзамин, 553 000 нафарашон ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон шомил карда шудаанду халос.

То давраи гузаронидани барўй-хатгирии аҳолӣ ва кори Комиссия оид ба тақсимот аз 70 то 98 фоизи аҳолии шаҳрҳои Самарқанду Бухороро тоҷикон ташкил мекарданд. Ин далелҳоро натиҷаи тадқиқоти тадқиқодчӣ А. А. Григорева низ тасдиқ мекунад.

Аз 264 топоним-номҳои маҳалҳо, кўчаву хиёбонҳо, масҷиду мадрасаю мақбараҳо ва дигар ёдгориҳои таърихии Бухоро 250 – тояш номҳои тоҷикӣ 14 – тои он номҳои туркӣ доранд. Ин далелҳо нишонаҳои таърихии миллати тоҷиканд…»

Номаҳои ба номи И.В.Сталин навиштаи Нусратулло Махсумро ҳамсафонаш хонда ангушти ҳайрат мегазиданд, ки ин ватанпарвари асил то чӣ андоза минтақаҳои тоҷикнишини Ўзбекистонро хуб медонад. Ў ба муқобили душманони миллати тоҷик ҷон ба каф гирифта, барои он ки Тоҷикистон аз вилояти мухтори шомили Ўзбекистон ба ҷумҳурии комилҳуқуқ табдил ёбад, чӣ талошҳое кардааст.

Нусратулло Махсум дар яке аз номаҳояш чунин навишта буд:

1.Марзи вилояти мухтори Тоҷикистон ғалат муайян карда шудааст, зеро бисёр маҳалҳои ғоибан тоҷики дар ҳамсоягии сарҳадоти вилояти Тоҷикистон пешбинишуда, на дар марзи табии худ қарор доранд, балки дар ҳудуди Ўзбекистон мондаанд.

2.Қарор дар бобати ба ҳайати Ўзбекистон шомил гардонидани Тоҷикистон ҳамчун вилояти мухтор, ҳуқуқҳои миллии тоҷиконро ба худмуайянкунӣ инкор мекунад ва ин замоне ба амал меояд, ки чунин ҳуқуқҳо ба ўзбекҳо ва туркманҳо дода шудаанд.

Дар мактуби навбатӣ ба КМ РКП(Б) чунин пешниҳодҳо кардааст:

1.Ноҳияҳои Ўротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сўх, Риштон, Учқурғон, ки аксарияти аҳолиро тоҷикон ташкил мекунад, ба Тоҷикистони шимолӣ ворид карда шаванд.

2.Ба ҶМШ Тоҷикистон додани имкони пурраи комилан озоди ташкилёбӣ дар асоси ҳамон принсипҳое, ки Туркманистону Ўзбекистон ташкил ёфтанд.

Муфассал аст, ки номаҳои ба унвони КМ РКП(б) ва И.В. Сталин навиштаи Нусратулло Махсум дар амри тағйир додани қарори комиссия аз вилояти мухтор ба ҶМШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мустақили Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон яке аз далелҳои муҳим гардиданд.

Ягон масъалаи соҳа ва муносибатҳои миллӣ аз мадди назари роҳбари давлати тоҷикон Нусратулло Махсум дур намемонд.

Дар анҷумани 1 Шўроҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 декабри соли 1926 Нусратулло Махсум ба масъалаи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон дахл намуда, зикр намуд, ки дар ҶМШС Тоҷикистон аз 779000 нафар 27 % аҳолӣ ғайритоҷиканд.

Қайд кард, ки халқҳои калону хурд, сершумору камшумор ҳама баробарҳуқуқанд. Вазифаи мо он аст, ки ҳуқуқи ин ақаллиятҳои миллиро таъмин намоем.

Яке аз хизматҳои арзандаи Нусратулло Махсум он аст, ки бештар аз 70000 фирории тоҷикро, ки дар натиҷаи ҷангу кашмакашҳо ба хоки кишварҳои ҳамсоя рафта буданд, ба Ватан баргардонд. Барои аз нав барқарор намудани хоҷагиҳои фирориён зиёда аз 1 млн 700 ҳазор сўм ҷудо карда шуда буд, ки дар он солҳо хеле маблағи калон буд.

Дар солҳои дар вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ фаъолият намудани Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта буданд, ки халқи мо садсолаҳои пешин ин дигаргунсозиҳоро надида буд.

Бо кўшиши Кумитаҳои инқилобӣ солҳои 1925-1926 дар ҷумҳурӣ 11 касалхона, 14 нуқтаи тиббӣ, 11 амбулатория, инчунин, дорухонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Ўротеппа ва Ғарму Ҷиликўл ба кор шуруъ намуданд. Дар солҳои 1932-1933 дар ҷумҳурӣ 2171 мактаби ибтидоӣ, 12 мактаби миёна, 12 мактаби ҳафтсола, 2313 курсҳои маҳви бесаводӣ дорои 126801 нафар хонанда мавҷуд буданд, ки аз инкишофи босуръати ҳаёти фарҳангии он давра дарак медод.

Нусратулло Махсум чун коммунисти комил бо «сарнавиштсозон»-и миллати тоҷик то ҷон дар рамақ дошт, муборизаи беамон бурд.

Сад дареғ, ки хиёнати курсихоҳони беномус (қайд кардан ба маврид аст, ки дар сафи роҳбарони ҶМШ Туркистон ва ҶХШ Бухоро тоҷикон зиёд буданд, аммо афсўс, ки онҳо миллати худро дар ҳуҷҷатҳо «ўзбек ё турк» ба қалам медоданд) санги сари роҳи ў мешуданд ва касе ба фарёдаш намерасид. Зери пофишориҳои зиёди ў моҳи феврали соли 1930 КИМ- ИҶШС фармоне дарҷ кард, ки вилояти Сурхондарёи ҶШС Ўзбекистон ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил карда шавад. Вале сад дареғ, ки бо кадом сабабе дарвозаи бахт ба рўи тоҷикони қарнҳо азияткашида боз нагардид.

Бо подошу хизматҳои шоиста ва талошҳои ҳуд Нусратулло Махсум ҷиҳати эҳёи давлатдории тоҷикон гирифтори туҳмату буҳтонҳо ва қурбони беадолатиҳои шовинистиву бадхоҳони халқи тоҷик гардид. Ў аз дасти душманони миллати тоҷик шишаи номуси миллат дар бағал моҳи декабри соли 1938 шаҳид гардид. Бо  Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 июни соли 2006 ба Нусратулло Махсум унвони   Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Шарифзода Сайфиддини Малеҳ,

мутахассиси пешбари шуъбаи

маорифи ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш