Нашрияи Омӯзгор

Хат навиштан фазилату ҳунар аст

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Дар зинаи аввали таҳсилот (синфҳои ибтидоӣ) масъулияти омўзгорон бештару гаронтар аст. Маълум, ки оғози ҳар кор душвориҳо дорад ва аз ин  рў, «оғози кор – ними кор» гуфтаанд. Дар синфҳои ибтидоӣ хонандагон ниҳоли наврустаро мемонанд: чӣ тавр сабзидан ва камол ёфтани онҳо аз омўзгор вобаста аст. Омўзгори синфҳои ибтидоӣ ба шогирдон тарзи дуруст нишастан, риояи қоидаҳои рафтору гуфтор дар дарс ва дохили мактаб, тарзи истифодаи китоб ва асбоби хониш, муошират ба ҳамсинфон, риояи тозагӣ ва амсоли онҳоро меомўзад ва ба ибораи маъмул, дасташонро росту чашмашонро бино мекунад. Агар дар синфҳои ибтидоӣ, масалан, омўзгор ба хонандае тарзи дурусти нишастан дар курсиро наомўзад ва аз ин лиҳоз ўро назорат накунад, нодуруст нишастан  минбаъд барои хонанда одат мешавад ва дар зинаи дуюми таҳсилот ислоҳи ин вазъи ў барои омўзгорони дигар душвор мегардад. Дар қатори омилҳои дигар дар синфҳои ибтидоӣ ба ҳусни хатти (дуруст навиштани) хонандагон бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Хушнависӣ аз фазилатҳои  шоистаи таҳсини хонанда аст ва ин нуктаро аз оғоз ба ў бояд дақиқ фаҳмонд.  Барои ин нахуст, бояд зимни дарсе ба хонандагон дар бораи бартариҳои хатти зебо ва аҳамияти дурусту бехато навиштан ҳикоят кард. Бояд таъкид намуд, ки хати зебо ҳусни инсонро меафзояд,  эҳтиромашро низ, Хатти зебо касро рўҳбаланд месозад, чашмро роҳат мебахшад, вақтро сарфа мекунад. Инсони хушхат соҳибэҳтиром аст ва одамон бо эҳтиром ба ў муроҷиат менамоянд, то ҳуҷҷатеро барояшон навишта бидиҳад. Хатти зебо боиси пешгирии ғалатҳо, пешгирӣ аз ғалат хондану ғалат фаҳмидан мешавад. Бараъакс, хати шикастаю костаю безеб хонандаро хастаю афсурда, ғамгину асабӣ месозад, вақти зиёдашро мегирад  ва гоҳо боиси каҷфаҳмиҳо мегардад. Бузургонамон нуктаҳои болоро зикр карда, таъкид бинмудаанд:

Хат навиштан фазилату ҳунар аст,

Хондани хат зиёда муътабар аст.

Дар гузашта хушнависонро хаттот меномиданд ва китобу номаҳои нигоштаи онҳоро ба камоли майл харидорӣ мекарданд. Хаттотон бо усулҳои зиёде китобнависӣ мекарданд, навъҳои гуногуни хат мавҷуд буданд. Гурўҳи ҷавонону наврасон дар назди ашхоси босаводу хушнавис (хаттотон) як давраи муайян зебо навиштанро меомўхтанд. Байти зерин аҳамияти хатти зеборо хеле барҷаста ифода намудааст:

Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст,

Ҳамчу моҳе, ки дар шаби тор аст.

Барои зебо ва бехато навиштан бояд дуруст нишаст, қаламро дуруст дар даст бояд дошт ва бодиққат бояд буд. Як шарти асосии зебонависӣ пайваста машқ кардан аст.

Агар хоҳӣ шавӣ хушнавис,

Бинавису бинавису бинавис!

Албатта, зимни ҳар дарс дуруст нишон додани ҷузъиёти (элементҳои) ҳар ҳарф ва талаби риояи онҳо аз ҷониби хонандагон хеле муҳим мебошад. Дар дафтари машқи хатти шогирдон омўзгор бояд мунтазам чанд ҳиҷо ё калима (ҷумла) -ро ба сифати намуна бинависад. Чун аз оғоз хонанда аҳамияти хушнависиро донисту барои зебо навиштан бикўшид, минбаъд ин ба махсусияти ҳамешагии навишти ў табдил хоҳад ёфт.

 

Сунбула Юсупова,

омўзгори синфҳои ибтидоии    

мактаби №21-и шаҳри Роғун

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш