Нашрияи Омӯзгор

Бехатариии кўдакон дар мадди аввал

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Маълум, ки соҳаи суғурта дар низоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи хос дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ амал мекунад, ки аз он 2 ададаш ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 17 ададаш ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд.

Тибқи қонунгузории амалкунанда дар ҷумҳурии мо ду намуди суғурта - суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ амал мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти суғуртавӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки ташкилотҳои суғуртавии дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ фаъолияткунанда дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин замина ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки то ба ҳол ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои суғурта ва манфиатҳои онро қисме аз шаҳрвандон ва баъзе роҳбарони корхонаву ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ, бинобар паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ сарфаҳм намераванд. Дар аксар ҳолатҳо онҳо суғуртаро танҳо як роҳи дигари маблағҷамъкунӣ фаҳмида, аз амалӣ гардонидани он худдорӣ менамоянд. Бинобар ин, дар ин ҷода дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муҳим ва зарур аст.

Ташкилоти суғуртавии “Муин” дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ зиёда аз 28 сол инҷониб тибқи қонунгузории амалкунанда фаъолият намуда меояд ва дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин замина ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ ҳиссаи худро гузошта истодааст.

Омўзиши амалияи фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, аз ҷумла, ташкилоти суғуртавии “Муин” нишон дод, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани дастури Пешвои миллат оид ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазир барои рушди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили дурусти бозори суғурта, аз ҷумла, васеъ ба роҳ мондани суғуртаи ихтиёрӣ ва фаъол гардонидани иштироки ташкилоту муассисаҳо дар ин бозор, барои фаро гирифтани мактаббачагон ва кўдакони то синни мактабӣ бо шартномаҳои ихтиёрии суғуртавӣ аз ҳодисаҳои нохуш Барномаҳои комплексӣ вобаста ба он бо ду забон таҳия гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кўдакистонҳо ирсол гардидаанд.

Айни ҳол, ташкилоти суғуртавии “Муин” бо ин намуди суғуртакунӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба қадри имкон фаъолият намуда истода, вобаста ба масъалаи мазкур дар шумораи №39-и ҳафтаномаи “Омўзгор” аз 26 сентябри соли 2019 таҳти сарлавҳаи “Бехатарии кўдакон-ҳадафи ҳамаи мо” Барномаи комплексӣ чоп кардааст.

Мавриди зикр аст, ки даврони кўдакӣ ва мактабхонӣ марҳалаи ҳассоси зиндагии онҳо ва давраи пурмасъулияти волидайн дар ҳаёт мебошад.

Чунки дар ин синну сол онҳоро эҳтимолияти хавфи дучор шудан бо ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, аз қабили захм бардоштан, осебёбӣ аз натиҷаи афтидан, садамаи нақлиётӣ, ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ, газидани ҳар гуна ҳашарот ва ҳайвонот мавҷуд аст.

Бинобар ин, суғуртаи кўдакони синни томактабӣ ва мактаббачагон натанҳо ғамхории волидайн, балки масъулияти маъмурияти мактабу кўдакистонҳо низ мебошад.

Албатта, дар шароити ҳозира ба ин мақсадҳо сарф намудани маблағ, ҳарчанд ки он хеле ночиз аст, ба волидайни муҳтарам дар назари аввал сахт мерасад.

Вале таззодро бубинед, ки волидайн барои дар 1 рўз харидани нўшокиҳои гуногуни ташнашикан, ҳар гуна сақичҳову шириниҳои истеҳсолашон номаълуму муҳлати истеъмолашон гузашта аз 5 сомонӣ ва зиёда аз он маблағро сарф мекунанду барои пешбинӣ намудани хавф аз ҳодисаҳои нохуш дар баъзе ҳолатҳо ин маблағро дареғ медоранд.

Айни ҳол, теъдоди муайяни кўдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мустақилона бо ширкатҳои суғуртавӣ шартномаҳо баста, онҳоро дастҷамъона суғурта намуда истодаанд. Маҳз ба воситаи кўдакистонҳо ва ин муассисаҳо суғурта намудан ба нуфузи онҳо таъсири мусбат расонида, волидайн бо масъулияти том онро маблағгузорӣ менамоянд.

Бо бастани шартномаи суғуртавии мактаббачагон аз ҳодисаҳои нохуш, волидайн имконияти гирифтани ҷуброни зарари ба кўдакон расидаро аз ҳодисаҳои нохуш пайдо менамоянд, ки ба қадри ҳол барои сабук намудани вазъи молиявию иҷтимоияшон мусоидат менамояд.

Хавфи суғуртавӣ, эҳтимолияти рўй додани ҳодисаҳои нохуши ногаҳонӣ (тасодуфӣ) мебошад, ки дар натиҷаи онҳо ба саломатӣ зарари ҷисмонӣ расонида, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ё оқибати фавтро ба вуҷуд меорад.

Барномаҳои суғуртавӣ “Минимум”, “Комфорт” (Ҳаловат), “Оптимум” (Беҳтарин) ном гирифтаанд.

 Маблағи суғуртавӣ то 1000с., то 2000 с., то 4000 с., то 6000 с.

Ҳаққи суғуртавӣ 5 сомонӣ, 10 сомонӣ, 20 сомонӣ, 30 сомонӣ.

Ҳангоми интихоби барномаи “Оптимум” (Беҳтарин) 2 (ду) полиси суғуртавӣ, яке барои суғурта аз ҳодисаҳои нохуш, дигараш барои суғурта аз ҳолатҳои ҷарроҳии таъҷилӣ дода мешавад.

Мутаассифона, ҳаминро бояд гуфт, ки шаҳрвандони муҳтарами мо дар вақти бастани шартномаи суғуртавӣ ба мазмуну муҳтавои он дуруст аҳамият намедиҳанд ва ҳангоми ба ҳодисаҳои суғуртавӣ дучор шудан сари вақт ба мақомоти суғурта муроҷиат намекунанд, санаду далелҳои заруриро ҷамъ намекунанд, ки ҳаҷми маблағи суғуртавӣ дар асоси шартнома муайян карда шуда, пардохта мегардад.

Чунончи, тибқи шартномаи суғуртавӣ Уроқова Аниса, хонандаи мактаби №61, ноҳияи А. Ҷомӣ 8 майи соли 2021 бо суғурта фаро гирифта шуда буд. Дар асоси маълумотномаи маркази тиббии ноҳияи мазкур 24 августи соли 2021 дар натиҷаи ҳодисаи нохуш (афтидан) осеб дида, дар шуъбаи шикастабандӣ кумаки аввалияи тиббиро гирифтааст. Ба номбурда 30 августи соли равон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда 100 сомонӣ кумакпулии суғуртавӣ пардохта шуд.

Ё хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24, ноҳияи Ҷайҳун Аҳмадзодаи Махсуд тибқи шартномаи (полиси) суғуртавӣ ба суғурта ба муҳлати 1 сол аз 1 июни соли 2021 аз ҳодисаҳои нохуш фаро гирифта шуда, дар рўзи оғози амали шартнома дар натиҷаи афтидан осеб дида ба беморхона оварда шудааст.

Дар асоси муроҷиати волидайн ва ҳуҷҷатҳои табобатӣ ба номбурда ба маблағи 250 сомонӣ кўдакпулии суғуртавӣ пардохта шуд...

Ҳамин тавр, мактаббачагони зикргардида бар ивази 5 сомонӣ маблағи ҳаққи суғуртавӣ, ки ба муҳлати 1 сол ба маблағи то 1000 сомонӣ (ё зиёда аз он) бо суғурта аз ҳодисаҳои нохуш фаро гирифта шуда буданд, сари вақт кумакпулиҳои суғуртавии бо шартномаҳои суғуртакунӣ пешбинишударо гирифтанд.

Суғурташудагон дар ҳолатҳои болозикр маблағҳои муайяни суғуртавиро гирифта бошанд ҳам, амали шартномаи (полиси) суғуртавӣ то ба муҳлати дар он нишон додашуда давом мекунад. Яъне, дар сурати дар давоми амали муҳлати суғуртавӣ такроран ба ҳодисаи нохуш дучор шудани суғурташудагон кўдакпулиҳои суғуртавӣ то ба ҳадди маблағи суғуртавии дар полис нишон додашуда пардохта мешаванд.

 

Исматулло ХОЛНИЁЗОВ,

муовини директори генералии

ташкилоти суғуртавии “Муин”

оид ба фаъолияти ҳуқуқӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш