Нашрияи Омӯзгор

Волидон дар тарбия саҳмгузоранд

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Тарбия замоне муассир ва муваффақ хоҳад буд, ки шахсият ва хусусиятҳои психологии кўдак худ пурра омўхта шавад. Дарки дурусти хусусиятхои психологии кўдак имкон медиҳад, ки лаёқат, малакаю истеъдоди уро беҳтар шиносем ва мувофиқ ба он усулҳои таълиму тарбияро интихоб ва истифода кунем.

 Аммо мушкилоти асосии тарбияи кўдак  ҳиссиёти табиӣ ё нафсонии вай аст, ки ба тарбияи иҷтимоии ахлоқиаш монеъ мешавад. Ин масъала бисёр мураккаб буда, мутаассифона, он дар илм пурра  мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор нагирифтааст.  Инсон чун қоида, барои расидан ба мақсад  ва таъмини талаботи худ, ҳамеша роҳи саҳлу осон ва кўтоҳро меҷўяд. Азбаски меҳнат ҳамеша заҳмат ва машаққатро тақозо дорад, ба меҳнат даст намезанад.

Маълум аст, ки дар тарбияи кўдак модар нисбат ба падар имконоти бештар дорад. Баъдтар дар зиндагии  кўдак  замоне фаро мерасад, ки ба таъсиру нуфузи падар ниёз ба миён меояд, вале на дар давраи тифлӣ. Ҳамин тавр, устоди дуюм падар ва устоди сеюм омўзгор аст.

Дар ҷараёни таълим  ва тарбияи кўдак се усулро  истифода бурдан мумкин аст:  авторитарӣ (тавассути зўрӣ ва тарсонидан), демократӣ (тавассути меҳру дўстӣ) ва либералӣ (бепарвоӣ).

Ҳар яке аз ин усулҳо натиҷаи гуногун медиҳад. Оқибати  усули авторитарӣ  кўдакро ба ғулом табдил додан аст. Кўдак тарсончак, сархам ва хушомадгў ба воя мерасад, вале дар сурати  қаҳру  ғазаб метавонад, ки волидонашро лату кўб  намояд. Дар усули либералӣ кўдак бе тарбия,  беилму беҳунар мемонад. Ба воситаи усули демократӣ  кўдак бомеҳру, муҳаббат ва мустақил тарбия меёбад.

Таълим ва тарбияи кўдак бояд аз хурдияш шуруъ гардад. Рўҳу равони тифл  монанд  ба навори суратгирест покизаву дастнозада,  ҳар гуна таассурот дар он  ба таври ҳамеша нақш мебандад. Аз ин рў, агар волидон ё омўзгорон ин нуқтаро  ба инобат нагиранд ва аз рўзҳои нахуст  ба тарбияи тифл машғул нашавад, бузургтарин  имконро аз даст медиҳанд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин маврид чунин менависад:  “Фарзандонро аз хурдӣ ҳусни ахлоқ  таълим кунанд ва аз зинати дунё нафиребанд. Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбия кунанд, вақте ба ҳадди балоғат  расад,  баракати он ба зоҳиру  ботини у зоҳир кунад. Агар ҳамчунин  кардӣ,  наҷот  ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ

Дар тарбияи тифл қоидаи муҳимме аст, ки набояд фаромўш шавад. Кўдакро бояд як нафар  ё ҳама бо як усул тарбия кунанд.  Хатои бузург аст, агар дар оила  ҳама ба тарбияи тифл  бо усулҳои гуногун даст зананд. Ин дар тарбияи кўдак  мушкилӣ эҷод  мекунад. Ҳар кас ба кўдак  таъсири  хос мерасонад, ки аз якдигар тафовут дорад.

 Баъзе волидон ба тарбияи кўдак аҳамият намедиҳанд. Онҳо гумон мекунанд, ки  кўдак  дар ин давра монанд ба бозича аст, яъне, лухтак асту  ҳар кас метавонад ўро ба даст гирад, бозӣ кунад.

Тифлро, кӣ бояд тарбия кунад, падар ё модар?

Ё ҳар ду?

Фарзанд меваи ширини умр аст. Он боиси шодмонии падару модар мешавад.

Фарзандро гули умеди волидайн мегўянд. Аз ин рў, падару модар шудан бахти бузургест.

Ногуфта намонад, тарбияи аввали фарзанд дар батни модар то таваллуд сарчашма мегирад. Баъди таваллуд нахустин вазифаи падару модар номи нек гузоштан аст.

Унсурулмаолии Кайковус дар “Қобуснома”-аш чунин фармудааст:  “Эй фарзанд, агар  Худо ба ту фарзанд ато намуд, номи нек  гузор, чунки яке аз ҳақҳои падар нисбати фарзанд ин гузоштани номи нек аст.”

Падару  модарон, ки  сутуни  хонавода  ё оиларо  ташкил  медиҳанд, бояд ба  таълиму   тарбияи дурусти  фарзандон диққати  доимӣ зоҳир намоянд. Вазифаи  волидайн ҳамин аст, ки  фарзандро то ба мактаб омадан, ахлоқи ҳамидаю одоби наку, сухани наку гуфтану  муошират ва  омўзондану дониш андўхтанро таълим  диҳад.

Зайтуна ҚАРАЕВА,

омўзгори  таърих ва ҳуқуқи               

мактаби №18-и  ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш