Нашрияи Омӯзгор

Забони ғановатманду тавоно

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Забони модарӣ муҳимтарин, азизтарин ва муқаддастарин дороиву сарвати ҳар шахси худогоҳу бофарҳанг аст. Маҳз тавассути забони модарӣ одамон бо ҳам муоширати самимӣ мекунанду дўсту бародар мешаванд ва дониш меомўзанду аз шебу фарози зиндагӣ огаҳӣ пайдо менамоянд. Эҳтиром ба забони модарӣ ва амиқу саҳеҳ омўхтани он вазифаи ифтихории ҳар фард бояд бошад. Ба шарофати хуб донистани забони модарӣ ва амиқу саҳеҳ омўхтани он кас дар омўхтани забонҳои дигар низ ба комёбӣ мерасад, дар ин ҷода монеаҳоро зуд бартараф месозад.

Вобаста ба ин, дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаи муҳаббат ба забони модарӣ ва омўзиши пайвастаи он диққати ҳамешагӣ дода шавад. Ин мавзуъ бояд мунтазам пайгирӣ гардад, албатта, бо сабку шеваи ҷолибу муассир ва рангину ҳадафмандона. Айни муддао хоҳад буд, агар дар кулли дарсҳо (на танҳо дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик) чанд дақиқа ба тарғибу тавзеҳи ягон масъалаи марбут ба забони модарӣ, неку донистану пос доштани он бахшида шавад. Масалан, омўзгори риёзӣ дар дарс мафҳуми чақримро истифода мебарад. Ўро мебояд, ки зимнан мафҳуми мазкурро шарҳ диҳад ва аз ҷумла, таъкид намояд, ки забони тоҷикӣ хеле тавонманду боғановат аст ва вобаста ба тамоми фанҳо маҷмўи истилоҳоти заруриро дар бар дорад. Чақрим мансуб ба илми риёзиёт буда, ченаки  масофаро ифода мекунад. Як чақрим тақрибан ба андаке зиёдтар аз як километр баробар аст. Дар забони тоҷикӣ ба сифати ченаки масофа мафҳумҳои зиёде мавҷуданд: фарсанг, фарсах, қадам, мил… Омўзгор ин маврид таъкид мекунад, ки шогирдон дар баробари мафҳумҳои русию байналмилалии ифодакунандаи ченакҳои вазну масофа, миқдору вақт… мафҳумҳои тоҷикии ин соҳаро низ бояд хуб донанду дар мавридашон истифода баранд. Ҳамин гуна мафҳумҳои аслан тоҷикии хоси илмҳои дигар низ ҳастанд, ки хонандагон бояд аз онҳо огаҳӣ дошта бошанд. Дар ҳама гуна дарсу машғулият бо хонандагон як василаи муҳим ва неруманди тарғиби забони тоҷикӣ ва ба ҷилва овардану таъкиду собит намудани тавоноиву ҳусну назокати он нутқи муаллим ба шумор меравад. Омўзгорони ҳамаи фанҳо бояд бо забони тоҷикӣ равону бесакта, таъсиргузору дилрабо сухан гўянд ва ғалатҳои забонии шогирдонро сари вақт ислоҳ намоянд.

Ҷои баҳс нест, ки дар тарбияи забондониву забономўзии шогирдон, дар тарғиби забони ноби тоҷикӣ омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик масъулияти бештар ба дўш доранд. Қисмате аз ин омўзгорон ба ҳукми анъана дар оғози дарсҳо, дар ягон лаҳзаи дигари мувофиқи дарс ва ё дар фарҷоми  (қисмати ҷамъбастӣ) дарсҳо ҳикматеро ё байтеро дар ситоиши забони тоҷикӣ мегўянд ва аз гурўҳи хонандагон шарҳи онро мепурсанд ва дар ниҳоят шарҳи худро мегўянд. Ҳамчунин, талаб мешавад, ки шогирдон ин байт ё ҳикматро азёд кунанд, дар дафтари ёддошташон сабт намоянд. Баъзан дар доираи 2-3 дақиқа байни хонандагон байтбарак (на аз рўи ҳарфҳо, балки мувофиқ ба мавзуъ) вобаста ба ситоишномаи забони  тоҷикӣ созмон дода мешавад, ки низ манфиатбору таъсиргузор аст. Ин усул ҳам самаровару  ҷолиб маҳсуб мешавад: омўзгор супориш медиҳад, ки  то дарси оянда ҳар хонанда як байти нав дар тавсифи забони тоҷикӣ дарёб намояд. Бозёфтҳои хонандагон банавбат дар чанд дарс мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар тарғиби муҳаббат ба забони  тоҷикӣ ва пос доштани он, ҳамчунин, силсилаи чорабиниҳои рангини беруназсинфию беруназмактабӣ нақши муассир гузошта метавонанд.

Ойимгул Қурбонова,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷики

МТМУ №82-и ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш