Нашрияи Омӯзгор

Ҳимояи Ватан - вазифаи пуршараф

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Хизмат кардан ба Модар-Ватан қарзу фарзи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат, пеш аз ҳама, ҷавонони синну соли даъвати ҳарбӣ мебошад.

Барои омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбии Модар-Ватан, фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар таълимгоҳҳо аҳамияти калон дорад.

Барои он ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ омода бошанд, пеш аз ҳама, дар муассисаи таълимӣ омўзгори ихтисосманд ва дар қисмҳои низомӣ хизматкарда бояд аз ин фан дарс гўяд.

Агар омўзгорони ОИҲ дар доншгоҳу коллеҷҳои педагогӣ дониши назариявӣ гиранд, дар хизмати ҳарбӣ фаъол мешаванд, маҳорату малакаи ҳарбиро меомўзад.

Шахс дар хизмати ҳарбӣ дар баробари гирифтани донишу маҳорати сиёсиву низомӣ, боз аз наздик ва дар амал бо силоҳҳои ҳарбӣ ошно мешавад, сифатҳои ҷангии онҳо қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи нигоҳдории силоҳҳоро меомўзад. Ҳамчунин, шахс дар давраи хизмати ҳарбӣ тозагии сару либос, озодагии ҷойи хоб, машқҳои варзишиву ҳарбиро меомўзад, ба қадри падару модар мерасад, дўсту рафиқони ҷонӣ пайдо мекунад.

Омўзгори ОИҲ дониш, маҳорат ва малакаҳои дар боло зикршударо дошта бошад, баъд метавонад, дар мактаб ба ҷавонон дарс гўяд.

Омўзгор фанни ОИҲ камаш 3 хусусияти зеринро бояд дошта бошад:

1. Фанни худро, касби худро, ихтисоси худро пурра донад, ба хонадагон омўзонда тавонад.

2. Хонандагонро хуб идора карда тавонад, сахтгиру ҳалим бошад.

3. Дорои лаёқати махсуси омўзонидани фанни худ бошад

Омўзгори фанни ОИҲ машғулиятҳоро бояд доимо бо либоси низомӣ гузаронад.

Синф-кабинети махсуси фанро аз рўи талаботи барномаи таълимӣ ҷиҳозонида бошад.

Дар назди мактаб майдончаи ҳарбӣ - варзишӣ ба талаботи замон ҷавобгў мавҷуд бошад.

Хонандагон дар машғулиятҳои фан ва маҳфилҳои дахлдор бо либоси низомӣ бояд ҳозир шаванд.

Бо иҷозати директори муассиса, комиссариати ҳарбӣ, мушовири шуъбаи маориф оид ба фанни ОИҲ хонандагонро камаш дар давоми соли таҳсил як-ду маротиб ба наздиктарин қисми низомӣ бурда, бо шароити хизмати сарбозон ошно созад ва бо онҳо суҳбатҳо ташкил намояд.

Омўзгори ОИҲ дар охири соли таҳсил машғулиятҳои саҳроии шашрўзаро бояд дуруст ба роҳ монад.

Омўзгори ОИҲ дар баробари омўзиши барномаи таълимӣ хонандагонро бояд аз навигариҳои сиёсии ҷаҳони имрўза хабардор созад, мунтазам Паёмҳои Сарвари кишвар, сарфармондеҳи ВМҶТ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно намояд.

Банда, дар давоми фаъолиятам ба ҳайси омўзгори ОИҲ бо бахши ҷавонони ҳукумати ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳия, ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар Афғонистон мунтазам ҳамкорӣ доштам ва ин ҳамкорӣ хеле пурсамар буд.

 Мақсади асосии мо он аст, ки ҷавононро барои боз ҳам обод кардани кишварамон ва ҳимояи марзу буми он омода созем.

Парда ҶАЛОЛОВ,

омўзгори собиқадори

мактаби №13-и ноҳияи Хуросон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш