Нашрияи Омӯзгор

Ошёни парчамафрозон

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 845        Шарҳ: 0

 

Аз таърихи ташкил ва пайдоиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, ки инак, умри  нимасра насибаш гаштааст, ҳарф задан бароям мояи ифтихор ва сарфарозист.

Аслан, 50 сол дар оинаи таърих ҳеҷ аст. Аммо дар зарфи ним аср бунёдкорию созандагӣ, ҳодисот, воқеаҳои хотирмони зиёде ба вуқўъ пайвастанд. Ин солҳо барои мо солҳои нишотбахшу хотирмонанд. Ба сарчашмаҳои таърихӣ ва зинаҳои камолоти ин боргоҳи муқаддас назар афканда, хушнуд аз он мегардам, ки пояи устувори он асосан ба таърих ва таъсисёбии Донишкадаи омўзгории пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе сахт марбут мебошад.

Нахустфакултети тарбияи ҷисмонӣ дар ҳамгироӣ бо факултети ҷуғрофия ва варзиш соли 1945 таъсис ёфтааст. Донишманди асилу тавоно, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи гимнастика, профессори муҳтарам, Устоди варзиши Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Тошмурод Мустафоқулови ҳоло 81- сола аз аввалин шогирдони ин факултет мебошад. Дар навбати аввал хатмкунандагони синфҳои 7 ва 8 дар факултет қабул шудаанд.

Баъдан вобаста ба пешрафту такомул ва инкишофи соҳаи варзиш зарурат пеш омад, ки дар ҳама макотиби миёнаю умумӣ фанни тарбияи  ҷисмонӣ  ба  таври пурра роҳандозӣ гардад.

Мусаллам аст, ки макотиби олӣ касбияти соҳаро вобаста бо пешрафти ҷомеъа роҳандозӣ ва мутобиқ мегардонад. Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, ба рушди варзиш нигаронда шудаанд.

Боргоҳи ягонаи варзиши ҷумҳурӣ, ки имрўз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ном дорад, 15-уми марти соли 1971 дар асоси амри Шўрои Вазирони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар заминаи факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Месазад, ки ба ифтихори 50-умин солгарди таъсиси он руҷўе ба гузашта намоем. Дар таъсис додани сохтори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон донишкадаҳои омўзгорию тиббии Тоҷикисон ва собиқ Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Шўрои Вазирони Тоҷикистон саҳми бориз доштаанд.

Соли нахуст ба факултетҳои омўзгорию  варзиш 620 донишҷў аз чор ҷумҳурии бо мо дўсти ҳамсоя қабул гардида, баъд аз чаҳор соли таҳсил 230 нафар толибилм донишкадаро хатм намуданд. 23-юми июни соли 1971 нахустин ректори донишкадаи тозатаъсис Тоҳир Умарович Умаров, ки аз моҳи августи соли 1962 то моҳи июни соли 1971 ҳамчун ректори Донишкадаи омўзгории шаҳри Кўлоб кор мекард, таъйин мешавад.

Он солҳо талабот ба мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар дабистони музофот, махсусан дар кўҳистони дурдаст пайваста меафзуд. Ба ҳамин хотир салоҳ дониста шуд, ки тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Зарурат пеш омад, ки масъулини донишкада бо мактуби дархостӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.  Дар асоси ин муроҷиат соли 1975 сароғоз шуъбаи ғоибхонон ва соли 1981 бошад, факултети пеш аз даъвати ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи кафедраи алоҳида таъсис ёфтанд, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш ва ҳарбӣ нақши шоиста доштанд.

Имрўз донишкада аз рўи ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омода намудани мутахассисон рухсатнома дораду дорои 20 кафедраи тахассусӣ, устодону олимони воломақом ва фаъол мебошад.

Дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рўзона) аз рўйи 4 ихтисос (ҳамзамон ҳамаи ихтисосҳои дигар зертобеи ҳамаи чаҳор ихтисосанд) таҳсил мекунанд. Дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рўйи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамчун таҳсилоти дуюм (бо ихтисоси интихобнамудаи довталаб) роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ҳамаи 5 факултети донишкада дар соли таҳсили 2020-2021 7.852 нафар донишҷў таҳсил доштанд.

Дар шуъбаи ғоибхонон 1.475 нафар (аз ҷумла, мардон 1000 нафар, бонувон 475 нафар) аз кишварҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон таҳсил менамоянд.

Дар ибтидои фаъолияташ дар донишкада ҳамагӣ 9 нафар номзади илм ба донишҷўён таълим медоданд. Бисёр мутахассисон руситабор буданд. Баъдан аз дигар шаҳр ва кишвару вилоятҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мутахассисон даъват шуданд. Ба ин тариқа, теъдоди аслии номзадҳои илм то ба 54 нафар расида, аксари онҳо дар як вақт дорои унвонҳои Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва Иттиҳоди Шўравӣ буданд.

Ҳамагон шоҳидем, ки баъди ба даст овардани истиқлол дар кишвар муносибат ба варзиш мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Ин нуктаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш боз ҳам иброз доштанд. Албатта, дар ин раванд Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳам истисно нест.

Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамост барои ҳар як фарди ватандўст. Дар он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар муфассал арзёбӣ гашта, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои муфид дода шудааст. Бояд гуфт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма, яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар шуд. Таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ва рўзафзуни давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, ғамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт. Даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, рўҳу равони тоза ва нерую тавони нав дар таърихи инкишофи донишкада гардид. Дар ҳамин замина дастоварду натиҷаҳои варзишии мамлакат, бахусус, нишондиҳандаҳои донишҷўён якчанд маротиба боло рафт.

Марҳила ба марҳила вусъат пайдо кардани раванди таълиму тарбия дар донишкада ва вобаста ба талаботи рўз афзудани шумораи факултаву шуъбаҳо, самту равияи ихтисосҳои нав ва дар ин замина афзудани шумораи донишҷўёну устодон низ аз баракати истиқлол мебошад. Ҳоло донишкада дорои 5 факултет, 16 кафедра, 5 синфхонаи компютерӣ, 8 толори машқӣ, 12 варзишгоҳ ва майдончаҳои тамринӣ, китобхонаи дорои теъдоди васеи  адабиёт  ва  китобхонаи  электронӣ  барои  ҳамаи ихтисосҳо мебошад. Кушода шудани факултети сайёҳии кўҳӣ ва шуъбаи воқеанигори варзиш дар таърихи донишкада рўйдоди бузург маҳсуб меёбад. Ва дар натиҷа имрўз донишкада ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани омўзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кўҳнавардҳо, воқеанигорони варзиш мубаддал гаштааст. Айни замон қариб 200 нафар устоду мутахассиси ботаҷриба дар донишкада кору фаъолияти пурсамар доранд. Теъдоди донишҷўён боз ҳам афзудааст.

Хеле рамзист, ки имсол ҷашни нимасраи донишкада бо ҷашни бузурги умумимиллӣ 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар донишкадаи мо, ки ягона манбаи олии таълимии омода намудани омўзгорону мутахассисони риштаи варзиш ва инчунин, мутахассисони соҳаи ҳарбӣ ба шумор меравад, баҳри таҷлили шоистаи ин санаи фархунда корҳои зиёде анҷом дода шудааст.

Имрўз донишкада бо ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ, собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷўёни ин боргоҳи муқаддас, ки шаъну эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд, ифтихор дорад.

Солҳост, ки донишкада рисолати омода намудани омўзгорони дифои ҳарбӣ, афсарон ва мутахассисони риштаи ҳарбиро низ ба зимма дорад.

Баъди соҳибистиқлолии кишвар дар ҳама соҳаҳо талабот ба омода намудани кадрҳо зиёд гардид. Аз ҷумла, талаботи мактабу маориф ба мутахассисони қобилиятноки соҳаи омодагии дифои ҳарбӣ афзуд. Аслан, талаботи омода намудани кадрҳои соҳаи ҳарбиро ба инобат гирифта, ҳанўз соли 1981 дар муассиса кафедраи ҳарбӣ ба фаъолият шурўъ намуд. Баъди се сол факултаи алоҳидаи омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд. Аз замони таъсисаш то инҷониб миёни мактабҳои олӣ он ягона факултаи омода намудани мутахассисони омодагии дифои ҳарбӣ мебошад. Кафедраи ҳарбии донишкада низ дар муқоиса бо дигар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои олии кишвар рисолату вазифаҳои бештарро ба зимма дорад. Зеро агар солҳои қаблӣ танҳо донишҷўёни ин факулта кафедраи ҳарбии донишкадаро хатм менамуданд, пас шурўъ аз соли 2010 тадриҷан донишҷўёни тамоми факултаҳои донишкада ба таълими ҳарбӣ фаро гирифта шуданд. Умуман, факултаи омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии донишкада солҳост, ки рисолати худро барои омода намудани омўзгорони соҳаи ҳарбӣ, афсарони эҳтиёт, мутахассисони варзидаи риштаи ҳарбӣ ба таври шоиста иҷро намуда истодааст.

Вақте мо дар бораи омодагии дифои ҳарбӣ сухан меронем, бешак, мафҳумҳои Ватану ватандорӣ, хештаншиносиву худшиносӣ пеши назар меоянд.

Воқеан, мафҳуми Ватан ба сарзамини аҷдодии тоҷикон аз қадим алоқаманд буда, ба алоқаи имрўзаи сокинони кишвар бо ҳаёту фаъолият, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, меҳнату корнамоии наслҳои пештараи ниёгонамон ишора мекунад. Пас, яке аз роҳҳои муассири ташаккули тарбияи ватандўстии ҷавонон он аст, ки ҷавононро водор созем, то сарнавишти ибратомўзи гузаштаҳои худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи куҳану нави миллати худро хуб донанд. Яъне, то ҷавонон таърихи гузаштаи халқи худ ва талошҳои тўлонӣ ва пурмашаққати расидан ба истиқлолро хуб надонанд, ватандўст ва миллатдўсти ҳақиқӣ шуда наметавонанд. Ба андешаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси ифтихор аз мероси гузаштаи пурғановату оламшумули гузаштагонамон яке аз арзишҳои пурқимати мардумамон аст, вале танҳо ифтихор кам аст, балки ба қадри он расида тавонистан, аз он баҳрабардорӣ намудан, ба оламиён муаррифӣ намудани паҳлуҳои ҳанўз норавшани он боз муҳимтар аст...

Бешак, ин гуфтаҳо насли имрўза, бахусус, ҷавононро водору огоҳ месозанд, ки аз решаву асли худ бохабар бошанду ба ҳар гуна ақидаҳои носолим дода нашаванд, ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллиро аз даст надиҳанд. Соҳибфарҳангу ватандўст бошанду болотар аз ҳама, бояд шукргузор бошанд, шукри онро кунанд, ки имрўз чунин зиндагии арзанда бароямон насиб гаштаасту дар чунин як диёри озоду сарсабз зиндагӣ мекунем. Шукргузорӣ ҳамеша моро ба мурод мерасонад.

 

Шодӣ САФАРОВ,

ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш