Нашрияи Омӯзгор

Ҳадя ба ҷашн

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори 50-умин солгарди таъсиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов китобе бо номи «Боргоҳи шуҳратёри варзиш» ба нашр расид.

 Муаллифони китоб, устодони варзида Шодӣ Сафаров ва Мирзосафар Шамсиддинов кўшиш ба харҷ додаанд, ки дар заминаи далелу рақамҳои ҷолиб ва ҳаводиси хотирмон аз муҳимтарин лаҳзаҳои фаъолияти нимасраи донишгоҳ ёдовар шаванд ва нақши барҷастаи ин мактаби олиро дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар саросари мамлакат таъкиду собит намоянд. Китоби «Боргоҳи шуҳратёри варзиш» бо ду забон (тоҷикӣ ва  русӣ) таҳия шудааст ва силсилаи суратҳои рангаро, ки лаҳзаҳои фаъолияти аҳли донишкадаро инъикос менамоянд, дар бар мегирад. Он, воқеан ҳам, ҳадяи шоиставу мондагорест бахшида ба 50-солагии боргоҳи варзишгарони мумтози кишвар.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш