Бо иқдоми наҷибонаи раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Баҳрхоруғ майдончаи замонавии варзишӣ, ки дар фосилаи ду моҳ сохта шуд, мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати умумии майдонча 800 мет-ри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар маросими тантанавии ба истифода додани майдончаи варзишӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раиси шаҳр Маҳтобшоҳзода Арамбегим Бозор ва муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ширкат доштанд.
Зимни суханронӣ муовини аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо мужда дод, ки дар шаҳри Хоруғ боз се майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад.
50 наврасе, ки дар мусобиқоти варзишӣ маҳорати хуб нишон додаанд, аз тарафи Федератсияи футбол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шудаанд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр