Нашрияи Омӯзгор

Боргоҳи азамат

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

(Ба муносибати 50-солагии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов)

Ин ҷо макони нағмаву фанду фиреб нест,

Ин ҷо макони хеш ба афлок бурдан аст.

Истода рост дар сари як по тамоми рўз,

Ин ҷо макони ахтари тобон шумурдан аст.

 

Ин ҷо кабўтар, эй ҷавон, асло машав, машав,

Ин ҷо уқоб бош ва ё шер, ё паланг.

Ин ҷо ба рағми он ки рақиб аст баҳри ту,

Хоҳӣ, ба об пой бимон, бош чун наҳанг.

 

Аз рўзи ҳаст гаштанаш ин ҷо ҳақиқат аст,

Бинмо, агар ки омадӣ ин ҷо, таҳорате.

Бинмо ба сўи он ки туро ҳаст кардааст,

Мардонавор, бандаи хокӣ, ибодате.

 

 Дониста бош ҳарфи маро, боз гўямат,

 Ин ҷо макони зисти садҳо таҳамтан аст.

Ин ҷо макони Коваву Исфандиёри чуст,

Ин ҷо макони Рустаму Суҳробу Бежан аст.

Нуруллоҳи ОРИФ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш