Нашрияи Омӯзгор

«Донишномаи Донишгоҳи омўзгорӣ» рўнамоӣ шуд

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

15-уми октябри соли равон дар толори фарҳангии ДДОТ ба номи С. Айнӣ маросими рўнамоии нусхаи электронии «Донишномаи Донишгоҳи омўзгорӣ»  баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили бошукўҳи 90-солагии донишгоҳ як силсила китобҳо интишор мегарданд, ки «Донишномаи Донишгоҳи омўзгорӣ» яке аз онҳост. Профессор С. Хоҷазод, узви  ҳайати таҳририяи донишнома иброз дошт, ки ҳайати таҳририя тўли як сол пурмаҳсул кор карда, нусхаи аввалияи китобро омода кард, ки аз 860 саҳифа иборат аст. Китоб маводи фаровон ва пурқиматро оид ба чеҳраҳои илму адаб, ҳайати профессорону омўзгорон, сохтори донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо, инчунин, шахсиятҳои маъруфи кишвар, ки ин даргоҳи маърифатро хатм кардаанд, фаро гирифтааст. Сипас, нусхаи электронии «Донишномаи Донишгоҳи омўзгорӣ» рўнамоӣ шуд. Таъкид шуд, ки Донишномаи Донишгоҳи омўзгорӣ», ки ба ифтихори ҷашни 90-солагии ин даргоҳи илму маърифат интишор мегардад, дастоварди бузурге ба ин чорабинии фархунда хоҳад буд.

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш