Нашрияи Омӯзгор

Омўзиши илмҳои биологӣ вусъат мехоҳад

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

 

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дар солҳои пешин ба соҳаи илму маорифи кишвар, аз ҷумла, ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омўзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир шудааст. Дар ҳақиқат, пешрафти босуръати илму техника ва раванди рўзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омўзиши фанҳои дақиқ талоши бештар намоянд.

 Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, махсусан, омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ роҳу усулҳои муосирро ҷустуҷў ва дар раванди таълим онҳоро бояд татбиқ намуд. Солҳои охир барои таъмини озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ бо таҷҳизоти замонавӣ диққати бештар дода мешавад.

Пешвои муаззами миллат роҳандозии тадбири муҳим - “Бистсолаи рушди омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад. Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман, ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд.

Шояд на ҳама хонандагони мо ба умқи фанни биология сарфаҳм мераванд, агарки ба ин фан аҳаммият надиҳанд ва дарсҳои ҳамарўзаро аз худ накунанд. Барои ин бояд мо, омўзгорон, ба шогирдонамон аз рўи меҳр ва донишу малака савод омўзем ва аз онҳо талаб бикунем, ки дар баробари дигар фанҳо биологияро амиқ омўзанд. Зеро ҳангоми омўхтани биологияи умумӣ мо ба қонунҳои умумие, ки онҳоро олимон дар илмҳои биохимия, ситология, генетека, таълимоти эволютсионӣ, экология ва ғайра таҳқиқ мекунанд, шинос мешавем. Чунончи, бо ягонагии табиат, мубодилаи моддаҳо, инкишофи табиати зинда, инкишофи таърихии мавҷудоти зинда, тағйирпазирӣ, аз насл ба насл гузаштани аломатҳо, асоси ҳуҷайравӣ доштани мавҷудоти зинда, оғози инкишоф аз ҳуҷайратухми бордор ё бордорнашуда, мутобиқшавии организмҳо ба шароити муҳити зист ва ғайра. Яъне, олимон ба воситаи фанҳои умумибиологӣ мавҷудоти зиндаро бо роҳҳои гуногун омўхта, аз натиҷаи он хулосаи илмии умумибиологӣ мебароранд. Муайян сохтани хосиятҳои умумии мавҷудоти зинда, муқаррар кардани сабабҳои гуногуншаклӣ, робита, сохт ва шароити муҳити зист вазифаи асосии фанни биология мебошад.

 Аҳаммияти амалии биология дар оянда низ зиёдтар хоҳад шуд, зеро аҳолии кураи Замин афзуда истодааст ва бо хўроку ашёи зиндагӣ таъмин кардани он душвориҳоро пеш меорад. Яке аз роҳҳои афзун гардондани захираи хўрокӣ, баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аст. Ин кор бидуни дастовардҳои илмҳои биологӣ ғайримумкин мебошад.

 Пас аз донистани муҳиммияти фанни биология шавқи хонандагон ба омўхтани он зиёд мешавад. Албатта, мо хуб огаҳем ва ҳамарўза ба назар мерасад, ки аксар шогирдони мо ба омўхтани ин фан шавқи беандоза доранд...

 Мо бояд омўзиши муқаддимаи табиатшиносиро аз кўдакистонҳо шурўъ намуда, дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омўзиши табиатшиносии муосирро барои тамоми соҳаҳо ва ихтисосҳо ба роҳ монем, стандарт ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти бартарӣ додан ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таълимиро бо асбобҳои аёнӣ ва лавозимоти озмоишгоҳии муосир таъмин созем.

 Дилноза ИСРОИЛОВА,

омўзгори биологияи

мактаби №5-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш