Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти назарраси марказ

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ба пешрафту рушди технологияи муосир таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Соли 2011 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис ёфт. Роҷеъ ба фаъолияти маркази мазкур дар вилояти Хатлон,  директори он Акмал Нурализода  чунин гуфт:

-Марказ дар таъмин намудани муассисаҳои таълимии қаламрави вилояти Хатлон бо компютер, интернет, тахтаҳои электронӣ, сканер, принтер ва амсоли ин мусоидат намуда, кормандони он, ҳамчунин, таҷҳизоти таъмирталабро таъмир мекунанд.

Барои пурзўр намудани кор дар самти рушди технологияи муосир дар муассисаҳои таълимӣ “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон барои солҳои 2018 - 2022” ба тасвиб расидааст.

Соли 2021 дар асоси барномаи мазкур  691 адад компютер, 28 адад тахтаи электронӣ, 41 адад видеопроектор ва 70 адад принтер харидорӣ шудааст, ки дар пешбурди кори муассисаҳои таълимӣ ва омўзиши хонандагон аз навгониҳои асри нав мусоидат мекунад.

Ҳоло шумораи умумии компютерҳо 24947 адад, компютерҳои таъмирталаб 1578 ададро ташкил дода, 942 адад компютер бо интернет пайваст мебошад. Шумораи тахтаҳои электронӣ 557  ва проекторҳо 874 адад   мебошад.        

Бояд зикр кард, ки  теъдоди хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ 424549 нафар аст. Дар  муассисаҳои таълимӣ, дар умум, 1202 кабинети технологияи иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ  мавҷуд буда,1760 нафар  омўзгор  ба хонандагон аз технологияи иттилоотӣ дарс мегўянд. Соли ҷорӣ 644 нафар аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Ҳоло 19  маркази тобеи мо дорои мустақилияти молиявӣ ва 8-тои он  бо бинои алоҳидаи корӣ таъмин мебошанд, ки дар онҳо 195 нафар мутахассиси кордону ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Соли 2019 бо муроҷиати роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ 1688 адад компютер, соли 2020  2106 адад ва соли равон 865 адад, дар маҷмўъ, 4659 адад аз таъмир бароварда шуд.

С. АЗИЗӢ, “Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш