Роҳбалади мо марди хоксору дурандеш ва нармсухан аст. Дар кӯчаву бозори Бухоро бо мардум ва фурӯшандаву хизматгорон ба тоҷикӣ ҳарф мезанад.
Оҳиста - оҳиста одат мекунанд мардум, охир, забони модарӣ танҳо барои хона нест,- мегӯяд дар шарҳи он. Бале, чанд рӯзе, ки Таваккал Чориев, устоди Донишгоҳи давлатии Бухоро моро ҳамроҳӣ мекард, ба забони ғайр суҳбат карданашро надидем.
Баъд ӯ моро ба ҷойи кораш - Донишгоҳи давлатии Бухоро овард. Биноҳои марказии он аз чанд иморати бузургу хуштарҳ иборат мебошад. Донишгоҳ яке аз қадимтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ буда, соли 1926 таъсис ёфтааст. Мегӯянд, ки он вақт аксари дарсҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, бештари устодон чун имрӯз тоҷик буданд. Таваккал Чориев вақт ёфта, ба муассисаҳои олии шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд меояд ва маводи таълимию методӣ мебарад. Зеро кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии Бухоро ба чунин мавод эҳтиёҷ дорад. Ба қавли устод, кафедраи онҳо барои синфҳои тоҷикии мактабҳои вилоят низ омӯзгор тайёр мекунад. Бояд гуфт, ки дар Бухоро дар соли таҳсили 2017-2018 танҳо дар ҳашт мактаб синфҳои тоҷикӣ мавҷуд буд. Ин кам аст. Аммо умед доранд, ки имсол вазъ ба куллӣ тағйир меёбад. Умуман, дар ин ҷо аз сафари ҷавобии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон умеди зиёд доранд. Мегӯяд, ки он ба боз ҳам наздик шудани муносибатҳои дӯстона ва ҳалли бисёр масъалаҳои илму фарҳангу маориф такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Сипас, моро ноиби ректори донишгоҳ оид ба илм, номзади фанҳои техникӣ Камолиддин Самиев, ки ҷавонмарди меҳрубону хоксоре буд, қабул кард. Ӯ изҳор намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ, хусусан, ректор, доктори фанҳои техникӣ Абдуқобил Тӯлаганов омадани меҳмонони тоҷикистониро ҳамеша бо шодмонӣ интизор мешавад. Умуман, робитаҳои байналмилалӣ дар ин ҷо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ асосан мутахассисонро дар соҳаи педагогика омода мекунанд. Аз 9 факулта 8-тояш: педагогика, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва ибтидоӣ, фанҳои табиатшиносӣ, физикаю математика, филология, таърих, тарбияи ҷисмонӣ, ҳарбӣ барои муассисаҳои таълимӣ омӯзгор тайёр менамояд. Ғайр аз ин, факултаи туризм мавҷуд аст. Теъдоди донишҷӯёни донишгоҳ аз 10 ҳазор нафар зиёд буда, шакли рӯзона ва ғоибонаи таҳсил ҷорист. Донишҷӯён ба шароити хуби таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ҳақиқат, пай бурдан мумкин аст, ки дар солҳои истиқлолият дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон шароити комили таҳсил ба вуҷуд оварда шудааст. Тамошои китобхонаҳо касро ба ҳайрат меорад. Дар онҳо тамоми намуди адабиёти даркорӣ мавҷуд аст ва шумораи ҷойҳои нишаст ва компютерҳояшон аз меъёр ҳам зиёд аст. Ин ба иловаи он аст, ки дар паҳлӯи донишгоҳе, ки мо меҳмони он будем, яке аз муассисаҳои машҳури фарҳангии ҷумҳурии Ӯзбекистон - Маркази иттилоотии китобхонаи вилоятии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷойгир аст. Дар ин ҷо қиматтарин боигарии халқҳои ин сарзамин- китобу нашрияҳои пурқимати пешин нигоҳ дошта шудаанд, ки барои хонандагон дастрасанд. Ба мо, меҳмонони тоҷикистонӣ, асару нашрияҳои солҳои пеш ба забони тоҷикӣ чопшударо нишон доданд, ки минбаъд аз он метавонем босамар истифода барем.
Бо вуҷуди мавҷудияти шароити мусоиди таҳсил дар ин ҷо аз сатҳи сифати таълим пурра қаноатманд нестанд.
Ба қавли ноиби ректор Камолиддин Самиев, имсол донишгоҳи онҳо 3500 нафар донишҷӯро қабул кард. Тарзи қабул аз оғози даврони истиқлолият ба тарзи тестӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба Маркази миллии тестии мо монанд аст.
Дар даромадгоҳи китобхона муҷассамаи боҳашамати Абӯалӣ ибни Сино китобе дар даст қомат афрохтааст.
Муҳаммадшариф
РУСТАМЗОДА,
Душанбе- Самарқанд-
Бухоро- Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр