Нашрияи Омӯзгор

Робитаи ДОМ ва ширкати Tcell тавсеа меёбад

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи беҳсозии шуғл ва такмили ихтисос дар минтақа, байни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати мухобиротии Tcell созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишнома бо ҳадафи боло бурдани сармояи инсонӣ ва ҷиҳати расидагӣ ба густариши ҳамкориҳои минбаъда рўи кор омадааст. Дар ин бора масъули робита бо ҷомеаи ДОМ-и Хоруғ Сайфиддин Сафармамадов иттилоъ дод.

“Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хостори пешбурди манофеи муштарак дар ростои рушди сармояи инсонӣ барои манфиатҳои дарозмуддати ҳар ду муассиса мебошад”,-изҳор дошт профессор Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.

Ҳадафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омўзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба сармояи инсонӣ баҳри боло бурдани рақобатпазирии кормандони ширкати мобилии Tcell мебошад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин, дар самти мутолиа ва ироаи тавсияҳо барои рушди фановариҳои пешрафта дар заминаи мудирияти захираҳои инсонӣ кор хоҳад кард.

 “Ширкати Tcell аз имзо кардани ин созишнома дар самти рушди сармояи инсонӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хеле хушнуд аст. Ба ҳайси яке аз ширкатҳои мухобиротии пештози Тоҷикистон, мо талош хоҳем кард, ки бо ҳадафи пешрафти бештар таҳқиқоти худро дар ҷодаҳои мухталиф бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ идома диҳем”, -гуфт Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell.

Созишнома дар ҳоле ба имзо мерасад, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ қаблан барои кормандони ширкати Tcell Барномаи омўзишии амалӣ таҳия карда буд. Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Мактаби тиҷоратии Кембриҷ бо мақсади баланд бардоштани тавоноии ширкати Tcell дар муҳити баъди пандемия рўи даст гирифта шуд.

 С. РАМАЗОН

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш