Нашрияи Омӯзгор

Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷамъомади тантанавӣ дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ-эҳтиром ба Ватан аст” доир гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи давлати Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён, муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рўдобаи Мукаррам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, директори Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бунафша Файзиддинзода ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки осудагиву амният, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулият ҷаҳду талош намояд.

Рўдобаи Мукаррам қайд намуд, ки ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушду пешрафти фарҳангӣ, сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳми арзанда гузошта, дар сафҳои худ неруи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеаи моро гирд овардааст.

Абдулло Раҳмонзода масъалаҳои вобаста ба давлатдорӣ, суботу амният, тарбияи наврасону ҷавононро баррасӣ карда, қайд намуд, ки ватанро танҳо фарзандони асилу номбардор метавонанд бунёд намоянд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

Абдураҳим Холиқзода таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта ҷалб карда, таъкид дошт, ки насли калонсол бояд даҳшату оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро ба насли наврас ва ҷавон дуруст фаҳмонанд.

Нуралӣ Шоҳиён ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳи давлатии Данғара хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти пешгирии тамоюлҳои манфии замони муосир саривақтӣ ва амри зарурӣ арзёбӣ намуд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо тақдими китоби “Фарзонафарзанди миллат” ба меҳмонон ва аҳли нишаст, ки аз ҷониби устоди Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхўҷа Ҳасанов омода гардидааст, анҷом ёфт.

 

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш