Нашрияи Омӯзгор

Рўдакӣ: муассисаи таълимии №46-и деҳаи Меҳтарӣ ба истифода дода шуд

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

14-уми октябри соли равон дар деҳаи Меҳтарии Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рўдакӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рўдакӣ М.Бобошоҳзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» У.Воҳидзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д. Сафарзода, сокинон, омўзгорон ва хонандагони деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки муассиса дорои 264 ҷойи нишаст буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории директор ва омўзгорон иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бо маблағи 2 миллиону 720 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Бинокор-К” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамзамон, дар саҳни муассиса вохўрии меҳмонон бо омўзгорону хонандагон ва сокинони деҳа доир гардид. Дар охир, сокинони деҳаи Меҳтарӣ сипосу миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ҷиҳати бунёди муассисаи таълимии наву замонавӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди таълимӣ баён карданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш