Аз навиштаи фейсбукии адиби тоҷикзабони Ҷумҳурии Ўзбекистон Адаш Истад огоҳ гардидем, ки шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шўрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Деваштич, Аълочии маорифи халқи Ўзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ 18 октябри соли 2021 дар 78-солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон аз ҷаҳон дида барбастааст.
Ин шахсияти шинохтаи олами илму адабиёти ду ҳавзаи адабӣ: Ўзбекистон ва Тоҷикистон 31-уми июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанди Ҷумҳурии Шўравии Ўзбекистон ба дунё омадааст. Номбурда дар кўдакӣ, дар натиҷаи фалокате маҷрўҳ гардида, ҳаштуним солро рўйи бистари беморӣ гузаронидааст. Бо ин ҳол то синфи ҳафтум дар дабистони русии бемористон ва шурўъ аз синфи ҳаштум дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ (бо дипломи аъло) солҳои 1965-1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз соли 1983 то 1996 ба ҳайси сармуҳосиби идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст. Ба эҷоди шеър аз 16-солагӣ (тоҷикӣ ва ўзбекӣ) шуруъ кардааст. Худи шоир дар ин бора гуфтааст: «Ман худам намедонам, ки аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд...»
Намунаҳои ашъори адиб дар рўзномаву маҷаллаҳои гуногуни кишварҳои Ўзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. Ҳамчунин, 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва дигар шоиронро ба забони ўзбекӣ тарҷума кардааст.
Чанд драмаи манзум низ офаридааст, ки «Меҳри пирўз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рўзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромўшӣ») аз он ҷумлаанд. Дилогияи «Дарди рўзгори Одам» соли 1997 дар озмуни драманависони тоҷик сазовори мукофоти дувум гардидааст. Соли 2000 ширкати синамои «ДУНЭ»-и Фаронса дар ҳамкорӣ бо филмсозони Испания дар бораи Ҳаёт Неъмат филми мустанаде бардоштааст.
Олими пуркор дар бисёр конференсияву симпозиумҳои байналхалқӣ, ки дар кишварҳои Ўзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон, Лондон баргузор гардидаанд, фаъолона ширкат варзидааст.
Монографияҳои илмияш таҳти унвони «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017) ба чоп расидаанд. Чанде пеш дар Тоҷикистон китоби навбатияш “Сипеҳри орзу” бо зевари табъ ороста гардид, ки ҳосили заҳмати беш аз 30-солаи Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мебошад. Дар маҷмуаи мазкур зиндагинома ва намунаҳо аз осори теъдоди зиёди шоиру нависандагони порсигўи Самарқанд (179 нафар) дар асрҳои 20 ва 21 ҷой гирифтааст. Мураттиб як сол дар шаҳри Душанбе зиста, навиштани китоби орзуҳояшро ба номи “Сипеҳри орзу” ба поён расондааст. Барои таҳияи китоби мазкур ба хонаи ҳар як шоиру нависанда рафта, аз пайвандону наздиконашон маълумот гирифтаву асарҳои онҳоро дастрас кардааст. Барои пайванди маънавии тоҷикони Тоҷикистону Ўзбекистон корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш Ҳаёт Неъмат чунин иброз доштааст: “Агар мо имрўз оид ба доираи адабии тоҷикони шаҳри Самарқанд сухан гўем, он фаъолтарин доираи адабӣ аст. Мо аз Тоҷикистон ҷудо нестем. Дар Самарқанд зиёда аз 200 адиби тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва 15 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастанд”...
Аҳли қалами нашрияи “Омўзгор”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз даргузашти шоир, драманавис, адабиётшиноси маҳбуб Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ андуҳгин буда, ба ҷамъи наздикону пайвандони марҳум ибрози ҳамдардӣ менамоянд.
Ёди ин марди пурталоши олами фарҳангу адаб гиромӣ боду хонаи охираташ обод!
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр