Нашрияи Омӯзгор

Шодбошӣ

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Аҳли варзиш, олимону устодон, мураббиёни мумтоз, собиқадори соҳаи тарбияи ҷисмонии мамлакат, кулли варзишгарон ва алоқамандони мактабу маорифро ба ифтихори роҳи нимасраи фаъолиятро тай задани ин ягона мактаби олии варзиши миллат - Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов самимона табрик ва шодбош мегўям.

Воқеан ҳам, варзиш ҳамчун воситаи обутоби ҷисмонӣ ва такмили саломатӣ ҳанўз аз замонҳои хеле қадим дўсту ёвар ва ҳамқадами доимии ҳар хонадони миллати тоҷик ба шумор мерафт. Авлоду аҷдоди варзишдўсти мо ба сабқату мусобиқаҳои суннатии миллӣ, ба монанди паҳлавонӣ, дорбозӣ, шатранҷ, бозии чавгон, пойгатозию найзаафканӣ, човандозию аспдавонӣ… пайваста шуғл варзида, ин навъҳо ва дигар намудҳои варзиши аз ниёгон меросгирифтаро вобаста ба пешрафти ҷомеа рушду сайқал медоданд.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки авлодони гузаштаамон, чун Рустаму Суҳроб, Авазу Гўрғулӣ, Шералию Нуралӣ, Темурмалику Восеъ, Гурдофарид ва Таҳмина… ҳама мардони ғаюру бонувони далер, мушкилнописанду пурзўру тавоно буданд.

Дар солҳои бистуму сиюми садаи гузашта баробари таъсис ва ташкили мактабу дабистонҳо дар як сатҳ бо дигар навъу намуди машғулиятҳо ба таълими фанни тарбияи ҷисмонӣ роҳи васеъ кушода мешуд. Собиқадорони муҳтараму гиромии мо, муҳаққиқону мутахассисони соҳаи маориф нек огоҳанд, ки куҳантарин мактаби олии тоҷикон ин Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнист, ки дар ибтидои соли 1932 таъсис ёфту дар ҳаёти мактабу маорифи Тоҷикистони ҳамонвақта таҳаввулоти ҷиддие ба вуқўъ пайваст. Баъдан дар як радиф бо факултетҳои дигари барои ҳамон давру замон ниҳоят зарур шурўъ аз соли 1954 факултети ҷадиди география, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шуд. То соли 1971 ин факултет дар тарбия ва камолоти устодону варзишгарон ва мураббиёни соҳаи варзиши Ватани азизамон саҳми шоиста гузошт.

Бо қарори Шўрои вазирони СССР аз 15-уми марти соли 1971 дар базаи факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таъсис меёбад. Устоди варзида Тоҳир Умаров нахустин ректори донишкадаи тозатаъсис таъйин шуда, то охири ҳаёти ибратбахшаш роҳбарии ин боргоҳи донишандўзию маҳоратро ба уҳда дошт.

Пас аз ў Федор Прокофевич Репа, ки аз зумраи таълимгирифтагони солҳои 1946-1947 дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе буду дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва маъмурии Тоҷикистон саҳми бориз дошт, ректори донишкада таъйин мешавад. Ин шахси номвар дар вазифаҳои масъули сардори умури мактабҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ҷонишини якуми вазири маорифи ҶШМ Тоҷикистон, ноиби ректор (проректор) доир ба корҳои илмии ДДТ ба номи В. И. Ленин, устоди Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт кор кардааст. Солҳои 1975-1988 ҳамчун ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фаъолияти басо ибратбахш нишон додааст. Аксар биноҳои маъмурӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва варзишгоҳҳою китобхонаи донишкада маҳз замони роҳбарии ҳамин шахсият бунёд ёфтаанд.

Умуман, дар давоми ин роҳи нимасра ҳамаи шахсиятҳои арзанда, ба мисли Тоҳир Умаров, Репа Прокофевич, Камонбардор Шукроев, Бўрихон Ҷобиров, Иброҳим Ҳасанов, Абдуҷаббор Сатторов, Абдураҳмон Маҳмадов ва Абдулҳаким Розиқзода ба сифати  роҳбар дар ин мактаби олӣ фаъолияти пурсамар доштаанд ва дар рушду такомули ин боргоҳи азамати варзиши миллат нақши шоиста гузоштаанд. Лоиқ ба ёдоварист, ки давоми 10 соли охир ректори донишкада Шодӣ Сафаров шуҳрати ин боргоҳро боз ҳам  боло бардошт.

Воқеан ҳам, варзиши тоҷик давоми ин 50 сол ҳамбаста ба фаъолияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ рў ба инкишоф овард. Мо бо исму насаби баҳодурони арсаи варзиш, ки нахуст машқу алифбои соҳаро аз ҳамин боргоҳи илму маърифат, ҷасорату мардонагӣ меомўзанд, ифтихормандем.

Имрўз беш аз 200 нафар шогирди ин донишкада аъзои фаъоли дастаҳои мунтахаби Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбанд, ки ин ифтихори бузург аст.

Бори дигар ҷомеаи омўзгорӣ, аҳли варзиш, собиқадорони соҳа, устодону мураббиёни ин боргоҳи шуҳратёрро ба ифтихори 50-умин солгарди донишкада табрику таҳният гуфта, барояшон пирўзиҳои нав ба нав, сарбаландию сиҳатмандӣ таманно менамоям.

 

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,

вазири маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш