Нашрияи Омӯзгор

Кўдакистони “Бону” бозсохт шуд

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру азнавсозӣ боғчаи кўдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишомўзӣ ва маърифатнокии насли наврас мавриди таҷдид қарор гирифта, ба истифода дода шуд.

Таъмиру азнавсозии кўдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки кўдакистон дар деҳоти Кангурт ҳанўз соли 1985 сохта шуда, дар давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кўдакони ин ҷамоат ҳам соҳиби боғчаи зебо шуданд.

Боғчаи кўдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кўдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудааст.

Дар давоми корҳои сохтмонӣ ҳамаи ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда, бо рахтҳои наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо барои кўдакон ва ошхона бо тамоми лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш