Муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Салоҳиддин Каримзода зимни нишасти матбуотӣ вазъи муассисаҳои таълимии шаҳру деҳотро ҳаматарафа таҳлил намуда, чунин гуфт:
- Имрӯз масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва қалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ сохтмони 4 бинои таълимӣ идома дорад. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон то саршавии соли нави хониш бо тариқи ҳашар сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №36, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №21 ва 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №39 идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон, 6234 нафар хонандагон дар назди лагерҳои таълимию фароғатии назди мактабӣ ва 260 нафар ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» дар ду баст ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Барои аз таъмир баровардани 54 муассисаҳои таълимӣ ва ба соли нави хониши 2018-2019 омода намудани онҳо аз буҷаи маҳаллӣ 1 634 699 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз 54 муассисаи таълимӣ 14-тои он аз таъмири пурра бароварда шуда, дар 40 муассисаи таълимӣ таъмир давом дорад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр