Нашрияи Омӯзгор

Рафтию бо рафтани худ қалбҳоро сўхтӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Яздонқул Мавлонов, журналисти собиқадори ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент, 19.10.2021 дар  69 - солагӣ аз олам даргузашт. Ў чанд соли охир аз бемории саратон ранҷ мекашид. Ин рўзноманигори асил ва хушқалам тамоми умри пурсамари худро ба хидмати мардум бахшидааст. Ў  дар нашрияҳои «Зарафшон», «Ҳақиқат», «Чашмаи меҳр» ва «Симо» дар давоми солҳои гуногун кор карда, пайваста хабару мақола ва гузоришҳои ҷолиб менавишт ва дар рушди матбуот дар як гўшаи адабпарвари диёр ҳиссаи сазовор мегузошт. Соле  чанд дар вазифаи мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омўзгор» дар водии Зарафшон фаъолияти пурбор дошт. Яздонқул Мавлонов дар давоми солҳои охир дар  ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент ба сифати роҳбар ва муҳаррир кор мекард. Даҳҳо барномаву матлаби ҷолибу диданӣ ва дархўр ба дарди ҷомеаро омодаву пешкаши хонандагону бинандагон намудааст.

Ўро дар Панҷакент мардум ҳамчун ҷавонмарди маҳфилорою хушсуҳбат низ мешинохтанду эҳтиром мекарданд.

Ёди неки ин рўзноманигори варзида ва инсони шариф дар дилҳо абадан боқӣ хоҳад монд.

ҚАЛБИ МОРО СЎХТӢ

Дар вафоти нобаҳангоми рўзноманигор Яздонқул Мавлонов

Лоласон андар канори дашту саҳро сўхтӣ,

Дарди мо афзун намудию даворо сўхтӣ.

Суҳбати ҷонпарваратро доштӣ аз мо дареғ,

Дар азои хеш ҷамъи ошноро сўхтӣ.

Солҳо пайдо намудӣ нони худро аз қалам,

Хомаи худ, яъне ганҷи бебаҳоро сўхтӣ.

Будӣ дар базми садоқат чираю оташзабон,

Бо ҳамин оташзабоният саропо сўхтӣ.

Аҳли дилро кардӣ армонӣ ба ёди рўи худ,

Дар хаёли хеш Симову Садоро сўхтӣ.

Гавҳари қимматбаҳое будию рафтӣ зи каф,

Бо ғуруби хеш Хуршеди саборо сўхтӣ.

Ҷисми худро сўхтӣ дар кўраи андуҳу дард,

Дар замин дарёю дар гардун сафоро сўхтӣ.

Об мерезад зи чашми мо чу рўди Зарфишон,

Рафтию бо рафтани худ қалби моро  сўхтӣ.

Исмоил Зарифӣ,

шоир


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш