Нашрияи Омӯзгор

Мактаб ба номи шоир гузошта шуд

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

 

Мувофиқи қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз 30 июни соли 2021, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ба номи шоири зиндаёд Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ гузошта шуд.

Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ дар ин муассиса чандин сол ҳамчун омўзгор кор карда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва сохтмони бинои мактаб саҳми назаррас гузоштааст.

Шодравон ҳабдаҳ сол (солҳои 2000 - 2017) дар вазифаи котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор кор кард. Соли 2018 аз ҷаҳон даргузашт.

Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ аз худ китобҳои назму насрии «Ғазалшаҳд», «Файзи умр», «Закоти ҳусн», «Шоми ситораҳо», «Як роҳ андеша», «Дар суҳбати Ҳакималӣ», «Модарнома», «Гулдухтари Ҳисорӣ», «Шабоҳанг», «Ҷоми меҳр», «Ишқ ва туҳмат», «Тўмори ишқ»-ро ба мерос мондааст.

Ба хотири гиромидошти шоир Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ ва ба номи ў гузоштани МТМУ №60 - и шаҳри Ҳисор, 18-уми октябр ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин ҷамъомад адибон Ато Мирхоҷа, Азизи Азиз, Парда Ҳабиб, Султонмуроди Одина, Ҳакималӣ Назаралӣ, Саидмурод Расулӣ аз дўстиву ҳамкориҳо ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти худ бо Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ ёдоварӣ карданд.

Дилбар РАҲМОНӢ,

омўзгори МТМУ №60

ба номи Ҳ.Раҳмонӣ,

шаҳри Ҳисор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш