Нашрияи Омӯзгор

Ёди Қаҳрамони Тоҷикистон моро ба ҳам овард

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Дар нигоҳ доштани асолати миллӣ, шиносондани миллати тоҷик ба оламиён як идда фидоиёне  буданд, ки хизмати онҳо дар хотири  мардум то абад боқӣ хоҳад монд. Яке аз онҳо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Ў соли 1929 Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқро дар шаҳри Москва  хатм намуд ва пасон дар вазифаҳои  котиби масъули Кумитаи партиявии вилоятии Тоҷикистон, солҳои 1929 – 1932 котиби дуюми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистӣ (б) – и  Тоҷикистон, солҳои 1933 - 1937 Раиси Кумитаи иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон кор кард.

 

Дар муддати хеле кўтоҳ Ш. Шоҳтемур ҳамчун арбоби намоёни сиёсӣ шинохта шуд.  Ў хуб дарк мекард, ки  бе ташкили мактабу маориф, тарбия намудани кадрҳои шоис-таи педагогӣ ин соҳаро ба роҳ мондан нашояд. Аз ин рў, хеле барвақт барои ташкил кардани мактабҳо (аввал дар Помир, ки заминаи амалӣ дошт)  кўшиш ба харҷ дод.

Соли 1909 дар деҳаи Хоруғ  нахустин мактаби дунявии русӣ кушода шуд, ки ҳадафаш «аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ тайёр намудани нафарони босавод, аз ҷумла, тарҷумонҳо буд ва бо гузашти соли аввали таҳсил мактаб тавонист таваҷҷуҳи аҳолиро ба худ ҷалб намояд… ва ин нишонаи боварии амиқи аҳолӣ имкони таъсиси интернати наздимактабӣ ва зиёд намудани хонандагон гардид». Шириншоҳ  Шоҳтемур яке аз фаъолони ҳамин мактаб  ба ҳисоб мерафт.  Маҳз дар замони роҳбарии  ў як қатор макотиби олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла,  солҳои 1931 – 1932 барои тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд донишгоҳҳои муаллимтайёркунӣ ва баъдан Донишгоҳи кишоварзӣ   ба фаъолият шурўъ карданд, ки то имрўз шогирдони  зиёде тайёр кардаву дар хоҷагии халқи мамлакат хизмати босазо менамоянд. 

Албатта, дар ин самт низ бо танҳоӣ гом бардоштан хеле душвор буд ва дар ин масир ўро як идда ҳаммаслаконаш, аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Саидризо Ализода, сиёсатмадорони шинохта Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нисор Муҳаммад ва дигарон   ҳамрозу ҳамдил ва ҳампаҳлу буданд.

Ин гурўҳи ватанпарастон барои пайдории миллати тоҷик ва заминагузорӣ ба истиқлоли он хидматҳои барҷаста карданд.      Дар замони истиқлоли сиёсии кишвар арҷгузорӣ ба заҳматҳои чунин фидоиёни миллат ба таври шоиста амалӣ карда шуд.

Бо мақсади  гиромидошти хотираи неки  Ш. Шоҳтемур ва ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» низ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ озмунеро оид ба фаъолият ва кору пайкори ин фидокори миллат эълон дошта буд. Бино ба иттилои сармуҳаррири  нашрия Қурбоналӣ Раҳмонзода,  ба  рўзнома тўли қариб як сол  150 маводи  олимону сиёсатмадорон, адибону рўзноманигорон, омўзгорон ва дигарон ворид гардид, ки аз ин 84 мавод ба табъ расид.

Ниҳоят озмун ҷамъбаст гардид ва мо як гурўҳ ғолибону иштирокдорони ин сабқат озими Бадахшон гардидем. Гурўҳи дастандаркорони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб моро бо нону намак ва чангу чағона пешвоз гирифтанд. Аз чеҳраҳои гарму самимӣ ва истиқболи хуши дўстони ҳаммаслакамон  дилҳо фараҳбор гардиданд. Дар ноҳияи Дарвоз таҳти сарварии раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода  гурўҳи моро боз ҳам бо шеъру таронаву суханони меҳромез истиқбол гирифтанд. Дар ин чанд соли охир роҳи байни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддини Шоҳин мумфарш гардидаву  табиати атроф боз ҳам ба дили кас рўҳ мебахшад. Ҳангоми ба ноҳияи Рўшон расидан боз ҳам садои мусиқии кўҳистонро шунида, ба ваҷд меомадем. Раиси ноҳия  Фаррух Додихудоев бо хушнудӣ иброз дошт, ки сафари мо ба Рўзи забони тоҷикӣ рост омад, ки фоли нек аст, зеро Ш. Шоҳтемур низ барои нигоҳ доштани миллати соҳибзабон заҳмат кашидааст ва мусаллам аст, ки яке аз нишонаҳои давлатдорӣ забон маҳсуб меёбад.                           

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Шуғнон, мо - ҳайати меҳмононро муовини раиси вилоят Н. Амирбекзода ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷ. Ҷумъазода ҳамроҳӣ карданд. Тамошои «Чашмаи Носири Хусрав», ки орзуи деринаи аксарият буд, моро хушҳол гардонд. Ҳамчунин, осорхонаи шоир дар саҳни чашма бори дигар аз бузургии ин адиби шинохтаи тоҷик далолат намуд. Ба ҳамроҳон боздиди хонаи падарии Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси хонаи урфии мардуми Бадахшон аҷаб гуворо ва дар айни замон ҳайратовар буд. Зеро бо мурури солҳо ашёи он тағйир наёфтаву дар ҳуҷраи на чандон калон нигоҳдорӣ мешуд. Либосҳои қаҳрамон, чархдег, чархи ресмонресӣ, дуки матоъбофӣ ва дигар ашёи рўзгори модари қаҳрамон маҳфуз мондааст. Назира Амирбекзода аз хусуси бошандагони ин хона маълумот дода, афзуд, ки ҳар кунҷу канори он ба худ вазифаи муайян, аз ҷумла, ҳар кас ҷойи нишасти худро дошт. Дар саҳни осорхонаи қаҳрамон бо гурўҳи пайвандону хонандагони мактабҳои гирду атроф ҳамсуҳбат шудем. Дар суҳбат маълум гардид, ки Рукмина Шоҳтемурова дар синфи даҳум мехонаду аз ҳоло ба таҳқиқи кору пайкори бобокалонаш шурўъ намудааст. Вай арз кард, ки бо Академияи хурди илмҳо робита дорад ва  мехоҳад дар оянда дар риштаи таърих таълим гирифта, доир ба фаъолияту рўзгори қаҳрамон кори  илмӣ анҷом диҳад.

Маросими ҷамъбасти озмун дар Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо шукўҳу тантанаи калон баргузор гардид. Раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни шодбошии меҳмонон аз хизматҳои шоёни   Шириншоҳ Шоҳтемур бори дигар ёдовар шуда,  қадрдонии ўро бо унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат нишони арҷгузории бемисл маънидод кард.

– Агар абармардоне чун Шириншоҳ Шоҳтемур дар замони худ миллатро дифоъ намекарданд, шояд мо ба чунин рўзҳои хушу хуррам намерасидем, - иброз дошт Ё. Файзов.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода қайд кард, ки Ш. Шоҳтемур аз зумраи фарзандони бонангу номуси миллат аст, ки  мавҷудияти  миллати бумиро собит намуд ва бо ҷоннисориҳои хеш аз нестшавӣ ҳимоя кард, ки ин худ қаҳрамонист. Сардабири нашрияи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ  Раҳмонзода доир ба гиромидошти фарзонафарзандони миллат тавассути ибтикороти идораи нашрия, махсусан, гузаронидани чунин озмунҳо ҳарф зад. Ҳамчунин, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, сармуҳаррири рўзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода аз ҷоннисориҳои Ш. Шоҳтемур,  таваҷҷуҳи нашрия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар масъалаи баргузор намудани чунин як озмуни пурмуҳтаво изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Барои инҷониб мояи ифтихор он буд, ки бори дуюм ба ВМКБ сафар доштам. Ҳанўз соли 2013 бо роҳнамоии сармуҳаррири нашрияамон Н. Нурализода дар ҳайати гурўҳи кормандони ВМИ ҶТ барои иштирок дар ҷаласаи сайёри вазорат ва бори дигар ҳамчун иштирокчии озмуни нашрияи «Ҷумҳурият» дар ин вилоят будам. Дар сафари аввал бо собиқ омўзгори математикаи давраи мактабиамон Б. Амирбеков,  ки 25 сол пеш ба  ватанашон – шаҳри Хоруғ кўч баста буданд,  вохўрдам. Дафъаи дуюм бошад, бо ду нафар ҳамсабақи донишгоҳии  бадахшониам - Сабоҳат Худоёрбекова ва Себак Каримзода вохўрдем, ки аз чунин иттифоқ афтоданҳо шоду масрурам. Дар сафари дуюм ҳини боздид, суҳбату вохўрӣ ва гуфтугўҳо миёни дўстон  дарк намудам, ки Бадахшон дар ҳама соҳаҳо рушд кардааст. Муҳим он аст,  мардум тинҷу орому осудаанд, ки ин худ бахти бузургест.       

Ҳотами ҲОМИД,

«Омўзгор»

Душанбе – Хоруғ – Душанбе   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш