Нашрияи Омӯзгор

Ёде аз профессор Нуралиев

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

21-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии доктори илми филология, профессор Абдусаттор Нуралиев дар мавзуи “Масъалаҳои илм ва таҳсилоти журналистӣ  дар шароити ташаккули рўзноманигории чандрасонаӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултети журналистикаи ДМТ Абдулмуъмин Қутбуддинов перомуни фаъолияти доманадор ва заҳмату талошҳои устод Абдусаттор Нуралиев дар рушди илми журналистикаи тоҷик суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки  устод Нуралиев яке аз поягузорони факултети журналистикаи ДМТ  буда, дар таҳқиқу пажўҳиш, таълифи рисолаҳои таълимию илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ хидмати шоиста намудааст.  Доктори илми филология, профессори кафедраи матбуоти ДМТ Мурод Муродов зикр кард, ки устод Абдусаттор Нуралиев дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти мактаби олӣ – пажўҳишу таҳқиқ, таълиму тадрис, тарбияи маънавии ҷавонон ва амсоли инҳо заҳмати зиёд кашидааст. Мактаби илмии профессор Нуралиев дар тайёр намудани кадрҳои болаёқати илмӣ, ба шоҳроҳи илм ворид намудани ҷавонони илмдўст дар пешравии улуми журналистика ва филология шоистаи таҳсин аст. Зери роҳбарии устод 26 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, номзади илми филология, дотсент Сангин Гулов аз ғамхориву дастгирии устод Нуралиев нисбат ба омўзгорони ҷавон ва донишҷўён ёдовар шуда, зикр намуд, ки профессор Нуралиев дар беш аз 60 соли фаъолият тавонист  асарҳои зиёди таълимию  илмӣ таълиф ва мактаби илмии худро созмон бидиҳад.

Дар идомаи конференсия, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Шариф Муллоев, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Дилором Маҳкамова, намояндаи Ҷамъияти дўстии “Тоҷикистон ва Қазоқистон” Каиржан Курбанова ва дўстону шогирдон  дар бораи лаҳзаҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти устод Нуралиев  ҳарф заданд.

Шоистаи таъкид аст, ки ба ифтихори 80-солагии устод Абдусаттор Нуралиев маҷмуае таҳти унвони “Муаллим Нуралиев” ба нашр расид, ки дар конфронси мазкур рўнамоӣ гардид.

Амони Муҳаммад,

донишҷўи курси  сеюми факултети  журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш