Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдати миллат бароям сарват аст

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Омўзгори покизарўзгор ва эҷодкор Асомуддин Вафоӣ солиёни зиёде дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба сифати омўзгори забони русӣ ва дар як вақт ҳамчун ҷонишини директори муассиса оид ба бахши тарбия ифои вазифа кардааст.

Ахлоқи ҳамида, муомилаю муоширати хуш, маърифатмандӣ ва мададгорияш ўро дар байни омўзгорон ва аҳли ҷомеа сазовори ҳурмату эҳтиром гардонидааст.

Асомуддин Вафоӣ зодаи деҳаи зебоманзари Болодараи ноҳияи  Даштиҷум (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) буда, соли 1950 дар хонаводаи боғпарвар таваллуд ёфтааст. Ў баъди хатми мактаби миёна дар омўзишгоҳи омўзгории шаҳри бостонии Кўлоб таҳсил намуда,  солҳои 1969-1971  хизмати модар – Ватанро дар Ҷумҳурии Туркманистон сарбаландона адо кардааст.

Соли 1974 ба Донишгоҳи омўзгории шаҳри Владимири Федератсияи Россия дохил шуда, ин мактаби олиро соли 1979 бо  ихтисоси омўзгори забон ва  адабиёти рус хатм  намудааст.

Боиси тазаккур аст, ки тамоми фаъолияти пурсамар ва доманадори ин устоди ташнаи илм ва дилбохтаи  забони русӣ дар муассисаи барояш азизу гиромӣ, мактабе,  ки як замон ба ў устодони бурунмарзӣ аз забони русӣ сабақ медоданд,  сипарӣ гаштааст.

Вафоӣ шеърро дўст медорад. Суҳбати  ў  шеърборонро мемонад. Дубайтию рубоиёти зиёди халқиро бадоҳатан қироат менамояд, ба адабиёти бадеӣ рағбати беандоза дорад, худ шеър мегўяд.

Дар чакидаҳои хомаи ў назми халқӣ, вусъати содабаёнӣ ва самимияти андешаҳо бештар мушоҳида мешавад.

Дар шеъри ба мавзуи НБО-и Роғун бахшидааш, ки саршори шодию фараҳ мебошад, аз ҷумла, бо ифтихор менигорад:

Барқи Роғун ифтихори миллат аст,                 

Файзбахшу иқтидори миллат аст.

Шуҳрати моро  дучандон  мекунад,

Тоҷикистонро чароғон мекунад.

(аз маҷмуаи «Шукрона»)

Навиштаҳои  Вафоӣ ба василаи  рўзномаю маҷаллаҳои даврӣ рўйи  чоп  омадаанд.

Асомуддин Вафоӣ  муаллифи маҷмуаҳои «Рози дилҳо» (2005), «Насими Ганҷ» (2009), «Шукрона» (2013), «Меҳри Ватан»  (2016), «Ҷавонӣ» (2020) буда, ҳаводорони  худро пайдо кардааст.

Дар  шеъри «Душанбе» бо муҳаббати самимӣ ва эҳсоси баланд шаҳри Душанберо «дили Ватан», «диёри зебо», «хонаи умеди кулли  тоҷикон» меномад ва аз  рўз то рўз ободу зебо гардидани он  бо меҳр сухан мегўяд:

Душанбе, пойтахти тоҷиконӣ,

Аҷаб шаҳри дилороизамонӣ.

            Шукуфонӣ зи истиқлолу Ваҳдат,

                Душанбе, фахри кулли тоҷиконӣ.                    

Даврони  истиқлол ба Вафоӣ  рўҳу илҳоми тоза бахшиду неруи илҳомашро афзуд.

Ба омўзгори пуркор  Асомуддин Вафоӣ  дар ҷодаи эҷод комёбиҳои нав ба нав таманно менамоем.

Пиралӣ Қурбонов,

омўзгори собиқадор,

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон,

ноҳияи Мир Сайид Алии ҳамадонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш