Нашрияи Омӯзгор

Аз шогирдӣ то зинаи устодӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Мо дар як рўз вориди мактаб шудем. Барои ман оғози фаъолияти омўзгорӣ буду духтарак тоза ба синфи якум қадам мегузошт. Дар ҷамъомади пагоҳирўзӣ диққати маро ў бо нигоҳи кунҷковона, лабони моил ба табассум, чеҳраи кушоду зебояш ҷалб намуд. Муболиға намешавад, агар гўям, ки то имрўз ҳамон гуна кушодчеҳраву лабонаш моили табассум боқӣ мондааст. Ҳарчанд зиндагӣ нақши худашро дар чеҳраи зебои ў гузоштааст, аммо хушҳоливу дилзиндагиаш ҳамоно барҷост.

Аз муаллими синфи якум дар бораи духтарак пурсон шудам. Гуфт Назокат ном дораду хонаашон ҳам он бинои сафеди пушти мактаб мебошад. Ҳамин тавр, шиносоии ману Назокат яктарафа оғоз гардид. Ҳарчанд ў дар паҳлуи мактаб зиста, шоҳиди ҷараёни рафтуомаду хониши хонандагон буд, ҳоло худаш хонандаи соли аввал буду ҳама чиз барояш наву аҷиб менамуд. Он ҳангом касе намедонист, ки Назокат барои ҳамешагӣ ба остонаи мактаб қадам гузоштаву рўзгораш бо ин боргоҳи маърифат якумрӣ пайванд хоҳад буд.

...Дигарбора бо Назокат замоне аз наздик ошно шудам, ки соли 1987 мо соҳиби бинои наву дутабақаи мактаб гардидем. Бо нияту мақсади бештар саҳмгузор будан дар омўзишу парвариши шогирдон аз вазифаи ҷонишини директор озод шудаву хостам роҳбари синфи 6 - ум шавам. Аммо директори мактаб ба дафтари кораш даъватам намуда гуфт, ки бо синфи 10 “Б” мушкил дорем. Аз ин рў, шуморо роҳбари ин синф таъйин мекунем, бовар дорем, ин вазифаро сарбаландона иҷро мекунед.

Ҳамин тавр, ман роҳбари синфе шудам, ки Назокат он ҷо мехонд. Як соли ҳамкорӣ моро ба ҳам на танҳо чун устоду шогирд, ҳамчун ду рафиқ, ду дўсти наздик ба ҳам овард.

Акнун шояд сӣ сол аст,ки ҳарду канори ҳам ба омўзишу парвариши шогирдон машғулем.

Хуб, чаро ман дар бораи Назокат менависам? Оғози фаъолияти омўзгории Назокат ба даврони ҷунбишҳову нооромиҳо, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 рост омад. Мушкилот зиёд буд, ҳатто мо чанд нафар омўзгори ботаҷриба барои таъмини маоши хонавода худро ба ҳар кўй задем, яке мардикор шуду дигаре Русия рафту сеюмӣ бозорнишин... Аммо Назокат ҷое нарафт, як по дар мактаб як по дар бозор, солҳои душвори зиндагиро пушти сар гузошт ва ба рўзҳои босаодату фирўз расид.

Ҳоло Назокат Муминова муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45, деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рўдакӣ мебошад.Ҳарчанд ҳеч унвону ҷоизаву мукофоте надорад, ҳарчанд кори омўзишу парвариш мушкилоти зиёде дорад, ҳарчанд мушкилоти иқтисодӣ дар кори омўзгорӣ ҷой доранд, Назокат мисли ҳамешагӣ чеҳракушоду зиндадил, бо лабони моил ба табассум дилбастаи кори худ аст.

...Ҳанўз ҳамкорему барои маслиҳату машварат наздам меояд, ҳарчанд кайҳо боз худаш шогирдони зиёдеро тарбия кардаву барояшон ҳаққи устодӣ дорад, нишоне аз бузургманишиву кибр дар рафтору гуфтораш пайдо нест, зеро ў аз мактаби зиндагӣ хуб сабақ андўхтааст.

Назокат роҳбари навовар аст, пайваста дар омўзишу ҷустуҷў мебошад. Ҳар барномаву чорабиние, ки дар мактаб баргузор мегардад, шукўҳу ҷаззобияти худро дорад, зеро коргардону тартибдиҳандааш Назокат мебошад. Бо роҳбариву сарпарастии Назокат ҳаёти берун аз дарси шогирдон пурмазмуну шавқовар гардидааст. Барномаҳои рангину  шавқоваре, чун “Кадбону”, ”Маликаи Наврўз”, ”Ошпази сол”, конфронсҳои адабӣ-бадеӣ бахшида ба бузургони илму адаб, ҳафтаҳову озмунҳои фаннӣ бо шукўҳи хос барпо мегарданд.

Ҳамчунин, бо роҳбарии Назокат хонандагони мактаб дар барномаву озмунҳои минтақавию ноҳиявӣ иштироки фаъол доранд. Ҳоло ў нияту нақшаҳои зиёде дар сар дорад.Мо бар ин боварем, ки ҳама нияту нақшаҳояш амалӣ хоҳанд шуд.

 

Азимхон Малахов,

омўзгори мактаби №45, ноҳияи Рўдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш