Нашрияи Омӯзгор

Талошҳои самаровар

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Нигина Саъдоншоева таҷрибаи 26-солаи омўзгорӣ дошта, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №9-и шаҳри Хоруғ дар синфҳои ибтидоӣ ба хонандагон дониш меомўзонад. Ў пас аз хатми омўзишгоҳи педагогии шаҳри Ҳисор фаъолияти омўзгориашро дар мактаби рақами 12-и шаҳри Хоруғ оғоз намудааст. Дар байни ҳамкорон бо меҳнатдўстию ташаббускориаш  сазовори эҳтиром аст.

Ҳар як омўзгор бастаи (портфолио)-и таълимии муаллимаро варақ зада, аз корҳои ў, ки бешуморанд, дар ҳайрат мемонад. Дар ин баста намунаи машғулиятҳои таълимӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфии гузаронидаи муаллима ҷой дода шудааст. Дар баробари  фаъолияти омўзгорӣ муаллима вақт ёфта, дар хусуси масоили гуногуни таълиму тарбия дар саҳифаҳои нашрияҳои вилоят мақолаҳои пурмуҳтаво ба табъ мерасонад. Ў мегўяд, ки «Муаллим набояд маводи таълимиро ба хонандагон нақл карда диҳаду хулосаҳои тайёрро баён намояд. Лозим аст, ки фикри хонандагон ба маводи хониш ҷалб шавад, то онҳо донишҳои гирифтаашонро бо воқеаҳои мушоҳидакардаи худ муқоиса намуда, дар асоси онҳо баровардани хулосаи умумиро ёд гиранд».

Н. Саъдоншоева муҳим будани таълими барномавиро ба таври махсус зикр намуда, таъкид мекунад, ки ин намуди таълим дар хонанда андешаронии мустақилонаро тақвият медиҳад ва ў амалҳои пайдарҳами алоқамандро иҷро мекунад. Омўзгори навовару ташаббускор дар тўли 26 соли фаъолияти худ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона хидмат мекунанд. Бархе аз онҳо пешаи омўзгориро интихоб карда, дар таълимгоҳҳои гуногун аз пайи таълиму тарбияи насли наврасанд. Солиёни зиёд Н. Саъдоншоева роҳбарии шўрои методии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и шаҳри Хоруғро ба зимма дошт ва ба омўзгорони ҷавон маслиҳатҳои судманд медод.

Мавсуф соли 1999 дар озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори сол» иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Соли 2013 тариқи озмун ба Донишкадаи такмили ихтисоси ВМКБ дохил гардида, то имрўз ҳамчун омўзгори кафедраи таълими фан дар муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ кору фаъолият дорад.

 

Соро САИДМУРОДОВА,

омўзгори муассисаи                

таҳсилоти миёнаи умумии

№5-и шаҳри Хоруғ 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш