Нашрияи Омӯзгор

Кошифи асрори методикаи таълими математика

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 864        Шарҳ: 0

 

Дар  арсаи  таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ва рушди илму фарҳанг нафароне ҳастанд, ки бо дониши пухта, маҳорати баланди касбӣ, меҳнати ҳалол ва сифатҳои наҷиби инсонӣ дар байни шогирдон, ҳамкорон, дўстон ва пайвандон мақом, обрў ва манзалати хос доранд.

Доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии факултети таҳсилоти ибтидоӣ (собиқ факултети педагогика)-и Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тағоймурод Раҷабов  аз зумраи чунин шахсиятҳост.  Шиносоӣ, ҳамкорӣ ва дўстии банда бо ин инсони шарифу донишманд, методисти варзидаи соҳаи методикаи таълими математика 44 сол боз давом дорад. Тағоймурод 15 феврали соли 1954 дар деҳаи зебоманзари Чароғчии ноҳияи Ёвон, дар хонаводаи деҳқони заҳматкаш чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў дар оила фарзанди нахустин буд. Бинобар ин, меҳри  падару модар ва бобояш (хусусан, падараш акои Бобоқул, ки дар хурдсолӣ аз навозиши модар маҳрум шуда буд) ба ин тифл муҳаббати бештар доштанд.

Пас аз хатми мактаби миёнаи №9 ба номи А.П.Чехови деҳа Тағоймурод ҳуҷҷатҳояшро ба факултети математикаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) аз рўи ихтисоси математика-физика супорид.

Шавқу ҳавас ва рағбати беандоза нисбат ба фанҳои математикаю физика Тағоймуродро водор намуд, ки аз курси дуюм  дар кафедраи физикаи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ М.С.) ба сифати лаборант фаъолият намояд. Акнун дар назди ў ду масъулияти калон меистод: яке мунтазам дар лексия ва машғулиятҳои амалии донишкадаи азизаш ширкат доштан, то ин ки дониши касбиашро аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ мустаҳкам кунад, аз тарафи дигар, ҳамчун лаборанти кафедраи физикаи донишкадаи политехникӣ дастуру супоришҳои мудири кафедра ва устодонро дар вақташ иҷро намудан. Бояд зикр кард, ки дар он солҳо бештари донишҷўёни шуъбаҳои рўзонаи донишкадаю донишгоҳҳо майлу ҳаваси кор кардан надоштанд, ки сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дошт.

Ҳангоми таҷрибаи омўзгорӣ, ки дар курсҳои 4 ва 5-ум дар мактабҳои миёна мегузашт, Тағоймурод аз ҷониби устодони фанҳои тахассусӣ ва педагогикаю психология дастгирии ҳаматарафа ёфта,  ҳамагон дар симои ў педагоги асилро дарк карданд.

Ҳамин дониши хуб ва дар таҷрибаи педагогӣ фаъолияти шоиста  нишон додан, дар корҳои ҷамъиятии факултет ва институт иштирок доштани Тағоймуродро устодон  декани факултет, дотсент Э. Рўзметов, мудири кафедра, дотсент А. Қодиров, дарк карда, ўро баъди супурдани имтиҳони давлатӣ (1976) ба вазифаи ассистенти кафедраи методикаи таълими математика барои кор даъват карданд.

Сабаби ба кафедраи методикаи таълими математика ҷалб намудани Т. Раҷабов аз он иборат буд, ки то солҳои 80-уми асри гузашта аз рўи ихтисоси методикаи таълими математика ҳамагӣ се нафар устодони унвондор (н.и.п., дотсентон Қ.Осимӣ, А.Қодиров ва Т.Неъматов)  буданд. Бинобар ин, садорати факултети математика, бевосита декани факултет, устоди зиндаёд Э.Рўзметов ва мудири кафедраи методикаи таълими математика, шодравон А.Қодиров чанд нафар ҷавони болаёқатро ба кор даъват намуданд, ки  Т.Раҷабов яке аз онҳо буд.  Ин ҷавони ғайратманд баъди се соли фаъолияти омўзгорӣ (с.1979) ба аспирантура дохил шуд ва дар асоси мактуби Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ба Институти педагогии шаҳри Москва ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Москва) дар кафедраи методикаи таълими математика вобаста карда шуда, рисолаи номзадиаш дар мавзуи «Ташаккули маҳорат ва малакаҳои тадқиқотии хонандагон дар раванди таълими геометрияи мактаби асосӣ» тасдиқ карда шуд ва ба сифати роҳбари илмиаш корманди масъули Вазорати маорифи ИҶШС В.А.Гусев таъйин гардид.

Давраи пурташвиш, бедорхобию ковишҳои олими оянда аз ҳамин ҷо ибтидо гирифт. Воқеан, заҳмату ранҷи чандинсолаи ў бенатиҷа намонд. Ҳамин худгудозӣ дар арсаи илм буд, ки Т. Раҷабов соли 1989 дар Шўрои диссертатсионии Институти давлатии педагогии шаҳри Москва рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя кард ва сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардид.

Профессор Т.Раҷабов солҳои 1989-1993 ба ҳайси муаллими калон, солҳои 1993-2007 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи факултети математика ва аз соли 2007 (бо пешниҳоди декани факултети педагогика, профессор А.Нуров) дар кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ дар вазифаи мудири кафедра то соли 2017 кор кард. Солҳои охир дар вазифаҳои дотсент ва профессори кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад.

Т. Раҷабов дар баробари фаъолияти омўзгорӣ дар донишгоҳ  солҳои тўлонист, ки дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Ёвон ба сифати ҳамкор аз фанни математика ва дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе фаъолият  менамояд.  Ҳамин робитаи доимӣ ва мунтазам бо мактаб ва донишгоҳ ҳангоми таҷрибаи омўзгории донишҷўён дар факултетҳои математика ва педагогика (ҳоло таҳсилоти ибтидоӣ) дар назди Т. Раҷабов, масъалаи навро ба миён овард: таҳқиқи тайёрии касбии омўзгорони ояндаи математика вобаста ба талаботи замони муосир дар низоми кредитии таҳсилот. Вобаста ба ин масъала  Т.Раҷабов дар мавзуи «Асосҳои назариявӣ-методологии омодагии касбӣ-методии муаллимони ояндаи математика ба фаъолияти таҳқиқотӣ тибқи низоми кредитии таълим дар донишгоҳи омўзгорӣ»  дар Шўрои якҷояи ҳимояи диссертатсияи номзадию докторӣ дар назди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (Шўрои Россия)  рисолаи  докторӣ  дифоъ намуд.

Профессор Т.Раҷабов  дар давоми 45 соли фаъолияти омўзгорӣ дар донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ ва методиро ба чоп расондааст. Ба қалами ў 200 номгўи асарҳои хурду калон, аз ҷумла,  «Такрори математикаи мактабӣ»  (қисми 1-2), «Корҳои контролӣ аз практикуми математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математика»,  «Арифметика» (қисми 1-2), «Математика», «Ҳалли масъалаҳои типикӣ», (Дастури таълимӣ), «Маҷмуаи тестӣ аз фанҳои «Асосҳои назариявии математика дар синфҳои ибтидоӣ; Методикаи таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ; Ҳалли масъалаҳои типикӣ; Практикуми математикаи мактабӣ (дар ҳаммуаллифӣ)», «Практикуми математикаи мактабӣ» (Дастури таълимӣ), (дар ҳаммуаллифӣ), «Курси лексия аз методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» (дар ҳаммуаллифӣ) ва ғайра тааллуқ доранд.

Таъкид бамаврид аст, ки аз ҷониби профессор Т.Раҷабов се монография бо забони русӣ ба нашр расидааст, ки сазовори баҳои баланди  донишмандони Россия гардидааст.

Устоди  номвар ва олими  варзида  Т.Раҷабов аз соли 2010 ба сифати мушовири китобҳои дарсии математикаи синфҳои 1-4 фаъолона ширкат дорад ва барои ба талаботи замон мувофиқ гардидани китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ маслиҳатҳои судбахши худро дареғ намедорад. Таҳти роҳбарии ў 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд ва ҳоло 3 нафари дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд.

Афлотуни бузург гуфтааст: «Зинати инсон дар се чиз аст: илм, муҳаббат ва озодӣ». Бешак, ин гуфтаҳо ба шахсияти профессор Т. Раҷабов тааллуқ доранд.

 

Абдулбоқӣ Нуров,

Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш