Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон - ҳомии истиқлол

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамарӯза баҳри илмомӯзии мо, ҷавонон, шароити беҳтареро фароҳам оварда истодааст, ки ин моро водор месозад, то илму дониши худ-ро  мукаммал карда, баҳри пешрафту рушди арзишҳои моддию маънавӣ ва боз ҳам мустаҳкам сохтани пояи истиқлоли кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Пешвои миллат дар ҳар суханрониашон бо кадом қишри ҷомеа, ки бошад, ҳамеша пуштибонӣ аз ҷавонон мекунанд. Зеро ҷавонон ба мисли чароғе ҳастанд, ки бо ақлу хирад, илму дониш ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонанд ояндаи ҷомеаро равшан сохта, ҳомии истиқлолият ва ваҳдати ҳамешагӣ бошанд.

Бо вуҷуди ин ҳама дастгириҳову пешравиҳо барои пойдору устувор гардонидани истиқлолият боз ҳам якчанд масъалаи ҳалталаб дар байни ҷавонон мавҷуд мебошад.

Яке аз онҳо тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи идеалҳои олии истиқлолият ва худшиносии миллӣ мебошад.

Мушкили дигаре, ки садди роҳи мустаҳкам гардондани истиқлолияти миллӣ ва пос доштани он мегардад, дараҷаи нобаробарии дониш, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш, шуурнокӣ ва маданияти сиёсӣ дар байни ҷавонони кишвар мебошад. Мутаассифона, баъзан ҷавонони мо ба моҳияти истиқлолияти миллӣ сарфаҳм нарафта, ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ, гурӯҳҳое, ки характери таҷовузкорона доранд, шомил мешаванд ва домони поки миллати волофарҳанги моро доғдор мекунанд. Мо бояд дар раванди тарбияи ҷавонон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, худшиносӣ ва шуурнокии сиёсии ҳар як ҷавонро баланд бардорем, то ҳама ҷавонони Тоҷикистон ба моҳияту мазмуни истиқлолият сарфаҳм раванд. Дар чунин ҳолат принсипҳои ҷомеаи демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва пояҳои истиқлолияти миллӣ мустаҳкам мегарданд.      

 Ҷавонони Тоҷикистон вобаста ба имконоти мавҷуда ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини пешрафти мунтазами иқтисодиёт, сиёсати пайгиронаи иҷтимоӣ, таҳкими амнияту оромии мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифта, мехоҳанд Ватани азизу муқаддаси худ - Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор диҳанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони саодатманди мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ ва  ваҳдати миллии Ватани азизамон равона месозанд.

 

Исфандиёр БАДАЛОВ,

ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш