Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ» ба ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят тавассути идораҳои почта расонида шудааст.
Ба гуфти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз Диловар Қосимӣ, дар корхонаҳо, идораву муассисаҳо, мактабҳо ва муассисаҳои фарҳангии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Қалъаихум, Сағирдашт, Нулванд ва Вишхарв таблиғ ва омўзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин кор кормандони эҷодии рўзномаи ноҳиявии «Дарвоз» низ саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар ноҳияи Ванҷ низ чунин чорабиниҳо оид ба омўзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ доир гашта истодаанд. Пайшанбӣ Шоев қайд намуд, ки ў ҳамчун муҳаррири рўзномаи ноҳиявии «Ватан» ва роҳбари маҳфили «Адибони ҷавони Ванҷ» мунтазам аз вазъи корхонаҳо, идораву муассисаҳо, мактабҳои маркази ноҳия ва деҳоти водиҳои Ванҷи Боло, Язғулом ва Вотхуд воқиф мегардад. Шиору овезаҳои сарироҳӣ баъзан аз камдиққатии масъулин ғалат навишта мешаванд. Камбудии дигар он аст, ки вақти бисёре мегузарад, аммо ин шиору овезаҳо аз нав карда намешаванд. Дар деворҳо ва долонҳои аксар корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, идораву муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ ва роҳдорӣ қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ нодуруст навишта ва истифода бурда мешаванд.
Мутахассисон ва омўзгорони ҷавон, ҳатто дар сарлавҳаҳо низ аломати нуқта мегузоранд, дар куҷое, ки рост ояд, вергул ва дигар аломатҳои китобатиро мемонанд. Мутаассифона, аз камдиққатӣ ва беэҳтиётӣ баъзе рўзноманигорон низ ба чунин камбудиҳо роҳ медиҳанд. Аз ҳамин хотир, рўзноманигорон, омўзгорон ва кормандони дигар идораву муассисаҳоро зарур аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ»-ро бодиққатона аз худ намуда, минбаъд ба хатонависӣ ва саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
рўзноманигор, ноҳияи Дарвоз
Иловакунӣ
Иловакунии фикр