Нашрияи Омӯзгор

Ёрии нахустини тиббӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Дар такомули маънавии шогирдон ва омодагии онҳо ба ҳаёту фаъолият дар қатори дарсҳо ва чорабиниҳои гуногуни мактабӣ дарсҳои тарбиявӣ нақши муассиру пурсамар доранд.

Дарсҳои тарбиявӣ ба масоили муҳим, чун одобу рафтори шоиста, риояи тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дастгирии эҳтиёҷмандон, тавзеҳи омоли ношоистаи гурўҳҳои иртиҷоӣ, тарғиби ҳунару ҳунаромўзӣ ва монанди инҳо бахшида мешаванд. Масъалаи  дастгирии ҳамдигар, мадад ба ашхоси солхўрдаву дардманд ва донистани қоидаҳои маъмули тиб хеле муҳим буда, дар дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба масоили мазкур баргузор намудани гуфтугўву баррасӣ муфид мебошад. Зарур аст, ки ҳар як хонанда на танҳо аз қоидаҳои умумию маъмули тиб огаҳӣ дошта бошад, балки ҳамчунин, дар зарурат бояд ба эҳтиёҷмандон ё осебдидагон ёрии нахустини тиббӣ расонда тавонад. Ба ибораи дигар, донистани тарзи расонидани ёрии аввалини тиббӣ барои ҳар як хонанда муҳим ва муфид мебошад. Дар хона, дар кўча, дар саҳро… баъзан бо ин ё он шахс ҳодисаи нохуше рух медиҳад, масалан, пой ё дасташ лат мехўрад, аз ҳуш меравад, захм мебардорад, ба хунравӣ (аз бинӣ, ҷароҳат, гўш…) дучор меояд. Дар ин ҳолатҳо то расидани духтур ба ў ёрии аввалия бояд расонд, дар акси ҳол, дер шуданаш мумкин аст. Вақте ки хонанда ва ҳар шахси дигар аз одитарин қоидаҳои тиб огаҳӣ дорад, зуд ба мадади бемор расидаву муваққатан дарди ўро сабук карда метавонад. Аз ин рў, муҳим аст, ки дар таълимгоҳҳо ду-се дарси тарбиявӣ ба мавзуи дасти ҳам гирифтан, ба ҳам ғамхору меҳрубон будан ва аз уҳдаи расонидани ёрии аввалини тиббӣ баромадан бахшида шавад.

Омўзгор бояд таъкид намояд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолати ҳодисаи нохуше сар задан дар тақдири шахс нақши муҳим мебозад, ҳатто, ба ҳаёту мамоти ў вобаста аст. Масалан, сари вақт ва уҳдабароёна бастани захм ва гузоштани тахтача ҳангоми шикастани устухон ҳаёти минбаъдаи инсонро ҳифз мекунад. Ёрии нахустини тиббӣ, махсусан, дар се маврид басо зарур мебошад: а) рафъ намудани омили зараровар (ҷараёни барқ, пахш кардани ашёи гаронвазн) ё баровардани ҷабрдида аз ҷои хавфнок (об, чуқурӣ, бинои оташгирифта, варта); б) ёрӣ расондан вобаста ба хусусияти осеб – беҷо шудан, лат хўрдан ё шикастани устухон, беҳушӣ, сўхтани ягон ҷои бадан, заҳролудшавӣ, сармозанӣ, таъсири шуои офтоб…); в) бетаъхир муроҷиат кардан ба беморхона, пункти тиббӣ.

Ҳамчунин, зимни дарсҳои тарбиявӣ ба хонандагон таъкид бояд кард, ки ҳар кас новобаста аз он ки дар оянда кадом касбу пешаеро соҳиб шуданист, бояд аз қоидаҳои аввалияи тиббӣ огаҳӣ дошта бошад. Бояд доруҳои маъмул (шикасти таб, нерубахши дил, рафъсози дарди сар ва узвҳои дигар)-ро донист ва дар доруқуттии хонадон дуруст ҷобаҷо кард. Бо худ гирифтани баъзе доруҳои маъмул ва пахтаю дока ҳангоми саёҳат ва сафар муфид хоҳад буд. Донистани хусусиёти давоии гиёҳҳои тиббӣ барои ҳар шахс манфиатбор аст ва дар зарурат корагар мешавад.

Дар дарси тарбиявӣ ташкили намоиши саҳначаҳо вобаста ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ муассиру хотирмон хоҳад буд. Масалан, хонандае «аз по афтода беҳуш мешавад». Ба ў чӣ тавр мадад бояд расонд? Нафаси сунъӣ, ба ҳаракат овардани дасту по…

Солҳои пешин, аз ҷумла, вобаста ба расондани ёрии нахустини тиббӣ китобчаҳое таҳти унвони «Инро бояд ҳар кас донад» чоп ва дастраси ҳамагон мешуданд. Имрўз ба чопи чунин китобчаҳо, ки метавонанд дар дарсҳои тарбиявӣ мавриди истифода қарор гиранд, боз ҳам эҳтиёҷ ба миён омадааст.

Исмия Давлатова,

омўзгори МТМУ №67-и ноҳияи Сино,

Аълочии маорифи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш