Нашрияи Омӯзгор

Хониши беруназсинфӣ муҳим аст

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Хониши беруназсинфӣ имкон фароҳам меорад, ки хонанда матни ҳикоя ё афсонаро мустақилона хонда, мазмуни онро дарк кунад, қобилияти нутқи шифоҳӣ ва хаттияш инкишоф ёбад, матни хондаашро аз рўйи сохтор муайян карда тавонад, дар асоси мазмуни матн савол гузошта, ба саволҳо ҷавоб гардонад.      

Дар барномаи таълимии синфҳои 4-ум бо мавзуъҳои “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест”, “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” (муҳокимаи хониши беруназсинфӣ) вомехўрем. Дар ин дарс хонандагон “Рўзномаи хониш”-ро ташкил намуда, ба мутолиаи  китобҳои бадеӣ машғул мешаванд.       

Ман дар синфе, ки дарс мегўям, гўшаи хониши беруназсинфӣ ташкил карда, дар як ҷевон китобҳои бадеии бачагонаро ҷамъ овардам. Рўйхати китобҳои гирдовардаро тартиб дода, мақсад ва вазифаҳои ташкили ин гўшаро ба хонандагон фаҳмондам. Таърихи гирифтан ва баргардондани китобҳои хондаи хонандагонро дар дафтари махсус қайд мекунам. Хонандагон баъди хондани китобҳои бадеӣ, аз варақҳои сафед шакли китобча месозанд. Номи муаллифи китобро навишта, дар он шеъру ҳикояҳоро бо расмҳои гуногун тасвир мекунанд. Ҳар як китобе, ки хонандагон месозанд, дар ҷузвдони онҳо нигоҳ дошта мешавад.  Раванди китобхонии хонандагонро таҳлил ва натиҷагирӣ мекунам. Варақаи зеринро таҳия менамоям (бо хонандагон):

   Фаъолият:       Кӣ?         Чӣ?  Дар     куҷо?                                                   

1 Муаллиф  --------------------------------------- 

2 Номи матн ---------------------------------------

3 Жанр ---------------------------------------------------

4 Мазмуни асосии матн ------------------------------

5 Воқеа дар куҷо ---------------- ба вуқўъ омад?

6 Воқеа кай ба вуқўъ омадааст? ----------------------------

7 Симоҳои асосӣ --------------------------------------------------

8 Лаҳзаҳое, ки ба ман маъқул шуданд--------------------------

9 Мавзуъ ва фикри асосӣ ----------------------------------------

 

Ному насаби муаллиф

Номи ҳикоя

Кай хондам

Чанд саҳифа дорад

Симоҳои асосӣ

Мавзуъ

Фикри асосӣ

1

 

 

 

 

 

 

 

2

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба хонандагон тарзи ташкили “Рўзномаи хониш”-ро нишон медиҳам. Хонандагон дар дафтар ҷадвали зеринро тасвир мекунанд.

Хониши беруназсинфӣ  имкон медиҳад, ки хонандагон оид ба матн ё китоби хондаашон тарзи маълумот навиштанро омўзанд. Фикру ақидаҳои худро оид ба матни хондаашон баён намуда, хулосабарориро ёд мегиранд. Хонандагон барои навиштани иншо низ омода мешаванд.                 

Мунира Одилова,

омўзгори синфҳои ибтидоии  муассисаи таҳсилоти миёнаи

умумии №13, ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш