Нашрияи Омӯзгор

Хидматаш бузург аст

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев бахшида ба 75 – умин солгарди устоди факултаи илмҳои тиббӣ (химия) Худоиев Қурбонҳусейн конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Онро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ифтитоҳ бахшид.

Муаллима Зебидамоҳ Каримова роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти омўзгор Қурбонҳусейн Худоиев ва ноиби ректор оид ба илму инноватсия Таҳмина Содатқадамова аз хидматҳои устод дар масири илму сиёсат сухан ронданд.

Зунайда Раҷабова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қайд кард, ки эшон баробари таълими фанни химия дар донишгоҳ, солҳои зиёд ба ҳайси ҷонишин ва баъдан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон фаъолияти густурда дошт. Бахусус, дар таъсис ва созмон додани нахустин сохтори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят корҳои шоёнеро анҷом додаст.

Шогирди устод Қурбонҳусейн Худоиев, номзади илм Жола Олифтаева роҷеъ ба мавзуи «Усулҳои ҳосил намудани кислотаҳои гуминӣ аз ангиштҳои Тоҷикистон», устодон Акимбекова Х. ва Раҳмихудоева М. ва донишҷўи фаъол Раҳмихудоева М. аз боби дастовардҳои факултети илмҳои тиббӣ сухан карданд.

Декани факултети илмҳои тиббӣ Булбул Имомназаров кори конференсияро ҷамъбаст кард.

 

Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш