Нашрияи Омӯзгор

Масъулият дар таълиму тарбия

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Мо, омўзгорон, имрўз масъули донишомўзии хонандагон ҳастем, аммо  дар таълиму тарбияи  онҳо бояд аввал волидон масъулияти бештару амиқ эҳсос намоянд, то ин ки фарзандонашонро одобу ахлоқи неку ҳамидаи инсонӣ омўзанд ва  аз ҳама ҷиҳат онҳоро дастгирӣ намоянд.

Падару модарон бояд дарк намоянд, ки тарбияи дуруст ва ҳавасмандгардонии  ҷигарбандонашон  имрўз он қадар амали душвор нест. Ҳамарўза тариқи симову садо мебинему мешунавем, ки дар ҳар  гўшаи Ватани мо муассисаҳои томактабии нав сохтаву ба истифода дода мешавад, ки дар онҳо кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Мо метавонем кўдаконамонро аз хурдсолӣ  ба кўдакистонҳо, ки метавонад  онҳоро ба  болидарўҳӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ ва фазои афсонавию зебо ошно созад, ҷалб намоем. Инчунин, умедвори он ҳам хоҳем шуд, ки дар муассисаҳои мазкур фарзандони мову шумо дўстони зиёд пайдо мекунанд ва аз ҳамин давра ба пурсамар гузаронидани вақти худ одат мекунанд.

Дар раванди таълим ба кўдакони мактабхон бояд аз ду ҷониб аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда бошад. Бемасъулиятӣ ва фориғболии волидайн кори омўзгоронро  мушкил мегардонад. Кулли таълимдиҳандагон ҳамеша бар он саъю талош меварзанд, ки таълимгирандагон ҳарчи бештару хубтар донишу одоб омўзанд ва аз тарбиятгирандае як толибилми ҳақиқӣ ба камол расонанд.

Албатта, ҳангоме ки мо барои тарбияи фарзандон тамоми шароитро муҳайё намоем, самараю натиҷаи хуби онро хоҳем дид.

Хуллас, волидон масъул ва вазифадоранд, ки фарзандони хушодоб, хушгуфтору хушрафтор ва ҳушёру зиракро тарбия намоянд.

Зулфия Ҳайдарова,

омўзгори МТМУ №42, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш