Нашрияи Омӯзгор

Таҳаммулпазирӣ -  хислати ҳамида

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

 

Мавзуи таҳаммулпазирӣ ё худ созишу мадоро як паҳлуи ниҳоят арзишманди кори таълиму тарбия мебошад. Дар фарҳангномаҳои муътабар вожаи «таҳаммул» чунин шарҳ ёфтааст: «тоб овардан ба сахтию душворӣ; сабр кардан, шикебо будан; тоқат кардан».

Бояд хонандаи имрўзаи мактаб дар баррасии ҳар як масъала, баёни фикр, шунидани сухани ҳамсуҳбат ба тамоми ҷузъҳояш риоя кунад. Иродааш мустаҳкам, эътиқодаш комил, ҳатто ҳангоми шунидани суханҳои таҳқиромез низ мадороро пеша карда, ба хашму ғазаб, ҷаҳлу ситеза вуҷуди худро оғўштаи нопокӣ насозад.

Хонандаи асри XXI бояд дар ҷустуҷў ва талоши илм бошад, кибру ғурурро аз тинати хеш дур созад, меъёрҳои ахлоқиро риоя намояд, нисбат ба ҳар як афрод, новобаста аз миллату мазҳаб, нажод меҳрубон бошад ва бо эшон бо нармӣ сухан гўяд, дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо дурандешона рафтор кунад, суханчин, бадкирдор ва кинагир набошад.

Дар бедор кардани ин гуна ҳиссиёт дар қалби хонандагон омўзгори технологияи иттилоотии мактаб ҳиссаи калон гузошта метавонад. Масалан, зимни таълими мавзуи нахустини технологияи иттилоотӣ дар синфи 7, омўзгор дастовардҳои олимонро таъкид карда, ба ин, сохта шудани аввалин компютерҳоро ҳамчун намуна оварданаш муҳим аст. Овардани мисолҳои таърихӣ дар байни хонандагон дўстиро афзун гардонида, эҳтироми хешовандон ва меҳр бо волидайнро афзун месозад ва дар ниҳоди онҳо сабур буданро тарбия мекунад.

Бо қадам гузоштани инсоният ба асри XXI, дар минтақаҳои гуногуни олам падидаҳои номатлуби хушунат ва терроризм пайдо шуда, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ба хотири пешгирӣ аз чунин омилҳои хатарзои башарӣ бояд роҳҳои дархўри тарбияро ҷустуҷў ва пайдо кард, то ки мактаббачагон дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ ва сулҳу оштӣ тарбия ёбанд. Хусусан, имрўзҳо ҷаҳони интернет вазъи бе ин ҳам мушкили замонро вазнинтар гардонидааст. Тавассути интернет пайдо гаштани «дўстон» - и нохалаф ба тарбияи наврасон зарбаи сахт мезанад. Ҷалб гаштани наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бештар тавассути шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад.

Омўзгор бояд таъкид созад, ки шабакаи интернет дар зудтарин муддат ба яке аз воситаҳои муҳими иғвоангез мубаддал гардидааст. Дар бештари маврид дар шабакаи интернет иттилооте ҷойгир карда мешавад, ки ба таври нодуруст ва беасос тартиб дода шудаанд. Маҳз чунин итттилоот барои пайдоиши низоъҳо заминагузорӣ мешавад. Бештари истифодабарандагоне, ки интернетро барои амалӣ сохтани ҳадафҳои худ интихоб мекунанд, бо исми сохта ва ё номаълум ба паҳн намудан ва ё тарғиб кардани арзишҳои бегона ва зараровар машғул мегарданд. Иттилооти иғвобарангезе, ки дар он ҷой дода мешавад ва аз он ҷо ба матбуоти даврӣ ва телевизион роҳ меёбад, сарчашмаи аслии як қатор хатарҳои миллӣ – сиёсӣ мебошад.

Ҳамин гуна муносибатҳои бехирадона нисбат ба кишвари мо низ васеъ истифода мешаванд. Аз ин лиҳоз, ҳар як хонандаи мактабро лозим меояд, ки ба масъалаи мавҷуда огоҳона ва дурандешона муносибат намуда, роҳи дурустро интихоб намояд.

Ғояи фарҳанги сулҳ – таҳаммулпазирӣ дар тамоми зинаҳои давлатсозии тоҷикон бағоят муҳим ва пурарзиш буду ҳаст. Принсипҳои маънавӣ, ахлоқӣ, зўроварӣ накардан, сулҳ ва дар ин замина кўшиши созандагӣ – инҳо асоси зеҳнии халқи тоҷик мебошанд.

Ҳамин тариқ, омўзгор зимни ба роҳ мондани таълими фанни технологияи иттилоотӣ имкониятҳои фарохеро соҳиб аст, ки хонандагонро ба тарбияи таҳаммулгароӣ ва тоқатпазирӣ фаро гирад. Дар ин кор омўзиши бардавом ва маҳорату малака ба омўзгор кумак мерасонад.

М. РАҲМОНОВ,

муовини директор оид ба корҳои  тарбиявии МТМУ №37,

ноҳияи Мастчоҳ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш