Нашрияи Омӯзгор

Вазъи китобдорӣ беҳбудӣ мехоҳад

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади таҳлили вазъи китобдорӣ, қарзҳои классикӣ, ҳолати нигоҳдошти китобҳои дарсӣ ва норасоии китобу маводҳои таълимӣ дар раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мутасаддиёни соҳаи китоби шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар семинар – машварат доир гардид. Дар семинар – машварат таъминот, тақсимот ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва омўзиши Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Марказ ва дигар масоили алоқаманд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. 

Нахуст, Давлат Ишмуродов, сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки ба ҳолати 8 –уми октябри соли равон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят 959053 нусха китоби дарсӣ, маводи таълимӣ 66250 нусха, маводи таълимии ройгон 5531 нусха ба маблағи 36090 сомонӣ дастрас шуд.

Таъкид гардид, ки бояд китобдорони муассисаҳои таълимӣ ва мушовирони шуъбаҳои маориф оид ба китоб бо дарки масъулияти баланд вазифаву уҳдадориҳои худро иҷро кунанд ва сифати кори ҳуҷҷатгузорӣ, тартиботи тақсимот ва нигоҳдошти ҳолати китобҳо, саривақт пардохт намудани маблағи иҷораи китобҳо ва дигар маводи таълимиро беҳтар намоянд. Инчунин, дар бораи донишу фаҳмиш ва тахассуснокии китобдорони муассисаҳои таълимӣ табодули афкор намуданд. Қайд гардид, ки бо сабаби мувофиқи матлаб набудани маълумотнокии баъзе аз китобдорони муассисаҳои таълимӣ мушкилиҳо қисман пеш меоянд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани донишу фаҳмиши онҳо, маълумотнокӣ ва хуб шинос гардиданашон бо тартиби дурусти ҳуҷҷатгузории кори китобхонаи муассиса семинарҳои омўзишӣ барои китобдорон ба нақша гирифта шудааст ва дар чанде аз шаҳру навоҳӣ чунин семинарҳо доир карда шуданд.

Сипас, мушовирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар оид ба китоб дар бораи фаъолият ва вазъи китобдорӣ, воридот ва таъминоти китобҳои дарсӣ, ҷамъоварӣ ва пардохти маблағи китобҳои дарсӣ, маводҳои таълимӣ ҳисобот доданд.

С. АЗИЗӢ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш