Нашрияи Омӯзгор

«Тоҷикистон», пешрав бошӣ мудом!

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Тоҷикон табиатан мардуми хирадпарвару маърифатгароянд ва дар ҳар гуна ҳолату ҳар гуна замон ҳаргиз рўй аз омўзиш, аз фарҳангу маънавият натофтаанд ва ҳамеша гаравиш ба тамаддун доштааанд. Ин халқи фазилатоин аз тамоми вартаҳои муҳлик дар арсаи таърих маҳз ба василаи хиради волою фарҳанги беҳамтояш раҳоӣ ёфтаву ба комёбиҳо расидааст.

Дар кишвари тамаддунпарвари тоҷикон чароғи илму дониш ба рағми он ҳама тундбодҳои таърих лаҳзае хомўш нашудааст ва хомўш нахоҳад шуд. Ин қазияи бебаҳс дар боз як марҳилаи пурхатару фоҷиабори ҳаёти халқи тоҷик – солҳои 90-уми охири садаи бист собит гардид. Вақте ки дар аксар манотиқи ҷумҳурии тозаистиқлол оташи ҷангу мухолифат аланга мезад, вақте ки садои тир ҳама фарёдҳоро хомўш карда буд, вақте ки ҷаҳолат даъвии раёсат мекард,.. ватандўстони  асили миллат роҳи ягонаи раҳоиро дар барафрохтани парчами хираду маърифат дарёфтанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гуфтугўи мусолиматомези хирадмандонаро аз «гуфтугў»-и силоҳҳо бартар донистанд ва маҳз ба шарофати маънавияти волои  хеш Тоҷикистони дар сари варта бударо аз фаноёбӣ наҷот бахшиданд. Дар пайравӣ аз Сарвари кишвар гурўҳе аз маърифатгароён  дар он айёми пуртазод кўшиш ба харҷ доданд, ки дар ҷумҳурӣ арсаи донишу илм холию камранг намонад, аз ҷумла, таҳсил дар таълимгоҳҳо қатъ нагардаду сатҳи таълиму тарбия коҳиш наёбад. Донишманди варзида, маърифатпарвари фидокор Пўлод Пўлодов аз зумраи чунин машъалафрўзони маърифат буд ва дар он марҳилаи хатарзои таърихи мамлакат барои билофосила ва бомаром идома ёфтани таҳсили насли наврас дар дабистонҳо хидмати шоистаи таҳсин кард.

Ў дар ҷумҳурӣ дар шумори аввалинҳо афзалияти таълимгоҳҳои намуди навро дарк намуда, ба тарғиби онҳо кўшид ва худ яке аз аввалин макотиби хусусиро дар шаҳри Душанбе таъсис дод. Ин ҳодисаи фараҳбор 1 ноябри соли 1996 ба вуқўъ пайваст; яъне гимназияи хусусии «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз намуд. Ва инак, 25 сол мешавад, ки ин боргоҳи бонуфузи маърифат дар ҷодаи маориф фаъолияти шоиставу пурсамар дорад.

Дар зинаҳои аввал муассиси маорифпарвари гимназия бар он кўшид, ки беҳтарин омўзгоронро ба кор ҷалб намояд. Дар он солҳо, ки илова ба ҷангҳои дохилӣ вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ низ гарон буд, ин амал мушкилиҳо дошт ва аз тарафи дигар, табиатан одамон ба ҳар як падидаи тоза, ба гуфте, ба як чашм ба умед ва ба чашми дигар бо шубҳа менигаристанд. Соли аввал гимназияи навтаъсис ҳамагӣ 30 хонанда дошт, вале азму иродаи муассис қавию устувор буд ва ў ба ояндаи таълимгоҳ бо эътимоди комил менигарист. Ба аввалин омўзгорони гимназия батакрор иброз медошт: -Бо дили пур, бо ниятҳои нек, бо боварии комил ба оянда кор кунед. Кори босамару ғамхоронаи шумо бо хонандагон беҳтарин тарғибгари таълимгоҳамон хоҳад шуд. Мардум тадриҷан бартариҳои гимназияро мефаҳманд ва сафи шогирдони мо ҳам меафзояд. Огаҳ бошед,ки дарё аз шохобаҳо ибтидо мегирад.

Бузургонамон фармудаанд:

Ба ҳангоми сахтӣ машав

ноумед,

К-аз абри сияҳ борад оби

сафед.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд; муассисаи тозатаъсис дар давоми ду-се соли аввали фаъолияташ номвар гашту таваҷҷуҳи волидону шогирдони зиёдеро ба худ ҷалб намуд. Батадриҷ сафи устодону хонандагонаш афзуд, пояи моддию техникияш устувор гашт, сохтораш ташаккулу такомул ёфт. Муҳимтар аз ҳама, сатҳи таълиму тарбия хеле боло рафту сафи омўзгорони фаъолу эҷодкор афзуд. Ҳатто иддае аз устодони мактабҳои олии пойтахт розӣ шуданд, ки дар доираи муайяни соатҳо ба шогирдони гимназия дарс гўянд…

Солҳо печида ба ҳодисаву воқеаҳо гузаштанд, Тоҷикистон ошёни сулҳу ваҳдат гашту мардум дилпурона ба созандагию бунёдкорӣ пардохтанд. Дар  қатори  соҳаҳои дигар соҳаи маорифи мамлакат рушд ёфт, пеш рафт. Дар ин росто, гимназияи хусусии «Тоҷикистон» низ сол ба сол муваффақият афзун кард ва ҳоло ин таълимгоҳи 25-сола ба сифати яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар шинохта шудааст. Дар давоми чаҳоряк сада ин донишсароро наздик ба ҳазор нафар хонанда хатм намуданд. Акнун  дар  ҳар як соли таҳсил дар гимназия беш аз панҷсад нафар хонанда ба омўзиш машғул мешаванд.

Хатмкунандагони  ин таълимгоҳ дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва хориҷ аз он – дар аксар шаҳрҳои Россияву Украина, дар ИМА (иёлати Колорадо) ва чанде аз шаҳрҳои мамолики Аврупо идомаи таҳсил доранд ва гурўҳе пас аз хатми бонуфузтарин мактабҳои олӣ солҳост, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон бомуваффақият кор мекунанд. Маъмурияти гимназия сарфароз аз он аст, ки аз тамоми мактабҳои олии шаҳрҳои мазкур ва аз коргоҳҳои ҷумҳурӣ мунтазам номаҳое мерасанд, ки дар онҳо сатҳи баланди касбияту маърифати собиқ шогирдони эътироф ва барои заминагузорӣ ба камолоти чунин мутахассисони арзи сипос карда мешавад. Аҳли таълимгоҳ боз аз як рухдоди дигар фараҳманданд; теъдоди зиёде онҳое, ки солҳо  қабл гимназияро хатм кардаву ҳоло соҳибҳунару соҳибмақому соҳибоила гардидаанд, кўдаконашонро ба камоли майлу эътиқод ба собиқ таълимгоҳи маҳбуби худ меоранд ва ба тарбияи устодони собиқи худ месупоранд. Гардиши саъди рўзгорон!

Хонандагони гимназия илова ба  фаъолияти шоиста дар дарсҳо, дар озмуну олимпиадаҳо ва сабқатҳои варзишии  шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ва ҳамасола миқдори  ҷоизаҳои таълимгоҳро бештар месозанд. Дар соли таҳсили гузашта дар олимпиадаи мактабиён хонандагони гимназия соҳиби се ҷойи ифтихорӣ гаштанд ва омодагии онро доранд, ки дар озмунҳои имсолаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил гарданд. Аксари омўзгорони гимназия дар таълиму тадриси шогирдон сабку услуби хоси худро доранд, соҳибтаҷрибаанд ва мекўшанд, ки пайваста аз тозатарину пурсамартарин усулҳои омўзиш истифода баранд. Илова бар ин, зумрае аз устодони ин боргоҳи хирад эҷодкоранд ва мақолаву нигоштаҳои методию дастурашон мунтазам дар нашрияҳои кишвар ба чоп мерасанд. Дар пешрафту такомули фаъолияти гимназия кулли кормандону омўзгорони он, аз ҷумла, устодон   Кимиё Қаҳҳорова(сарвари гимназия), Муътабар Солиева, Нигина Мирзоева, Саодат Каримова, Фирўза Нуруллоева, Луъбат Норматова, Лочин Ҷаҳонов, Лола Раҳматуллоева, Умаралӣ Шеров… нақши шоиста доранд. Дар гимназия ба забономўзии хонандагон ва ба тадриси фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад ва дар ин самт шогирдони ин муассисаи таълимӣ аз хонандагони аксар макотиби дигари пойтахт бартарӣ доранд. Гимназия як силсила анъанаҳои ҷолибу манфиатбор дорад, ки яке аз онҳо маҳфиле бо номи «Суҳбати рўзи шанбе»-ст. Тавассути ин маҳфил хонандагону устодони таълимгоҳ бо арбобони маъруфи илму адаб ва сиёсати ҷумҳурӣ вохўрда, суҳбати озод меороянд ва ба бисёр суолҳои худ посух меёбанд. То имрўз шахсиятҳои номвари мамлакат, чун адибон Сорбон ва Аскар Ҳаким, ходимони сиёсӣ Р.Мўсоева, Б. Додихудоева, Т.Абдушукурова… дар маҳфилҳои «Суҳбати рўзи шанбе» ширкат варзидаанд…

Аҳли гимназияи хусусии «Тоҷикистон» тасмим бар он доранд, ки минбаъд фаъолияташонро боз ҳам вусъат бахшида, дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар пешрафти соҳаи маорифи Тоҷикистони азиз ҳиссаи шоиста гузоранд ва ҳамеша дар сафи пеши парчамафрозони илму маърифат бошанд.

 

А.МУРОДӢ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш