Нашрияи Омӯзгор

Ҷавононро  зиракӣ мебояд

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Дар шароити имрўза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромўш накунанд.

Барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву тундрав ва фирефта нагардидан ба ваъдаҳои афроди хоину ватанфурўш дар замони имрўза омилҳои зерин сабаб шуда метавонанд: а) зери назорати ҷиддии падару модар қарор доштани фарзанд; б) омўхтани илму дониш, в) иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ; г) рўй овардан ба китобхонӣ ва огоҳӣ аз тамаддуну арзишҳои олии ниёгон; ғ) машғул шудан ба варзиш, д) омўхтани забони давлатӣ; е) самаранок истифода бурдани технологияҳои замонавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ; ё) тарғиби андешаи миллӣ ва ваҳдати маънавӣ; ж) тарғиби ҳисси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар ниҳоди насли ҷавон ва огоҳ кунонидани онҳо аз ҳадафҳои нопоки гурўҳ ё афроди ифротгаро. Ин омилҳо ҷавононро ба сўи ояндаи дурахшон раҳнамо месозанд ва имкон намедиҳанд, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҳамроҳ гардида, ба амалҳои ғайриинсонӣ даст зананд. Насли наврас ва ҷавонони имрўза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил ҳастанд.

Пешвои ҷавонпарвари миллат дар вохўрии худ бо ҷавонони кишвар соли равон таъкид намуданд, ки: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”. Пас ҷавононро лозим аст, ки аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва эътимоди бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароитҳои фароҳамомада босамар истифода намуда, ифтихор намоем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ дорем ва ворисони фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҳастем. Аз ин лиҳоз, сидқан дўст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии мо бошад.

Боиси шукргузорист, ки ҷашни бисёр азизу мукаррам ва ҳумоюни 30-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирем.  Ҷавонони кишвар, ки дар дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ саҳм доранд ва бевосита ҳамқадами истиқлол ҳастанд, бояд кўшиш ба харҷ диҳанд, ки ҷашни таърихиро бо ифтихору хушнудӣ истиқбол намоянд ва баҳри боз ҳам таҳким бахшидани он саъю кўшиши бештареро равона созанд.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва 

робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси

шаҳри Гулистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш