Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ–2018

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

30 июли соли ҷорӣ натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 эълон карда шуд.

Аз Хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки  маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, дар ин бора инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шудааст.

Дар паёмаке, ки ба ҳар дов-талаб фиристода шудааст, маълумоти мухтасар оид ба холҳои бадастовардаи довталаб ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот маълумот дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода, дар сомонаи марказ ҷойгир карда шуд.

Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.

Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Барои дарёфти маълумоти бештар ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ntc.tj муроҷиат намоед.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш