Нашрияи Омӯзгор

Забонҳои романӣ

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Забон, ки муҳимтарин воситаи алоқаю муоширати одамон эътироф шудааст, паҳлуҳои гуногун дорад ва масъалаи хеле бавусъату фарогир ба шумор меравад. Дар  ҷаҳон, мувофиқи таъкиди муҳаққиқон, беш аз 5 ҳазор забон арзи ҳастӣ доштааст, ки қисмате аз онҳо бо мурури замон дар бархўрд бо ҳодисаҳои гуногун аз байн рафтаву ба гурўҳи «забонҳои мурда» пайвастаанд. Вобаста ба масоили забон ибораҳое чун таърихи забонҳо, гурўҳбандии забонҳо, забонҳои маъруф, забонҳои синтетикӣ ва амсоли инҳо ёд карда мешаванд. Дар ин росто, ибораи дигаре бо номи «забонҳои романӣ» маъруф аст. Зери ин ибора ё ифода чӣ маъние дар назар дошта шудааст?

Забонҳои романӣ ҳамчун шоха ё гурўҳи ҳиндуаврупоӣ шинохта мешаванд.  Номи ин забонҳо пайваст ба вожаи лотинии «романус» буда, маънои «мансуб ба  империяи Рум»-ро дорад. Забонҳои романӣ дар мамолики Аврупо - Фаронса, Испания, Португалия, Белгия, Швейтсария, Италия, Руминия, Молдава, Монакко, Люксембург… маъмуланд ва гурўҳҳои алоҳидаи одамон дар Юнону Хорватия, Амрикову Албания бо ин забонҳо ҳарф мезананд.

Ҳамчунин, забонҳои романӣ дар баъзе аз давлатҳои Африқо ва Осиё дар баробари забонҳои маҳаллӣ ба сифати забони дуюми давлатӣ амал мекунанд ва чун  забони илму фарҳанг шинохта шудаанд. Умуман, дар саросари ҷаҳон беш аз 700 миллион нафар бо забонҳои романӣ гуфтугў мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки ба гурўҳи забонҳои романӣ забонҳои хурду бузурге, чун забонҳои фаронсавӣ, испанӣ, итолиявӣ, молдавӣ, руминӣ, португалӣ, каталонӣ, сардинӣ, мефаридӣ, окситанӣ, ретроманӣ… шомиланд. За-боншиносон дар асоси хешӣ ва наздикии байниҳамдигарии забонҳои романӣ онҳоро ба гурўҳҳои иберӣ – романӣ, галлӣ – романӣ, италиявӣ – романӣ ва зергурўҳи балканӣ – романӣ табақабандӣ мекунанд. Дар ин тақсимот асосан мавқеи ҷуғрофиявии забонҳои романӣ ба назар гирифта шудааст. Дар илми забоншиносӣ таърихи такомулу рушду забонҳои романӣ ба давраҳои зерин мансуб дониста шудааст:

1. Асри 3 то милод – асри 5 (давраи романӣ шудан);

2. Асрҳои 5-9 (ташаккулёбӣ ва мустақилгардии давлатҳо);

3. Асрҳои 9-16 (пайдоиши осори хаттӣ, забони расмии давлатӣ шудани аксар забонҳои романӣ).

Дар асри 16 забонҳои фаронсавӣ, испанӣ ва португалӣ ба Амрико роҳ ёфтаву маъмул гардиданд. Вобаста ба ривоҷи мустамликадорӣ забонҳои романӣ дар қитъаҳои Осиёву Африқо нуфуз пайдо карданд. Тадриҷан хусусиёти савтии забонҳои романӣ дар иртибот ба таъсир ва омезиши забонҳои маҳаллӣ (дар як сисила калимаю ифодаҳо) тағйир пазируфтанд. Дар забонҳои романӣ тасриф (флексия) вуҷуд надорад ва исмҳо дорои ду ҷинс – занона ва мардона мебошанд. Феълҳо шахсу шумора ва замонҳоро ифода мекунанд. Дар таркиби луғавии забонҳои романӣ илова ба калимаҳои лотинӣ, ки хеле зиёданд, калимаҳои мансуб ба забонҳои олмонӣ, славянӣ, юнонӣ низ вомехўранд. Осори нахустини хатти бо забонҳои романӣ дар асрҳои 9-12 пайдо шудаанд ва хати маъмули ин забонҳо лотинӣ мебошад. Солҳои зиёдест, ки забоншиносони маъруф вобаста ба масоили гуногуни марбут ба забонҳои романӣ  ба таҳқиқу пажўҳиш машғуланд.

 

Латофат  Амонова,

омўзгори забони англисии гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш