Нашрияи Омӯзгор

Талаби замон

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 890        Шарҳ: 0

 

 

Ҷавонони муосир, ки парвардагони замони истиқлоланд, бояд якдилу якмаром дар рушди тамоми самтҳои фаъолияти кишвари азизамон - Тоҷикистон нақши муассир гузоранд. Бо ташаббуси Сарвари кишвар дар самти равобити хориҷӣ ҳамкориҳо пурсамар гардида, муносибатҳои дипломатӣ бо беш аз дусад давлати ҷаҳон ба роҳ монда шудааст. Имрўзҳо даҳҳо ҳазор нафар ҷавонони мо тибқи бурсияҳои ҷудонамудаи давлатҳои мутамаддин ва рушдёфта дар мактабҳои олии бузурги олам таҳсил мекунанд.

Дар баробари ин, ҷумҳурии мо дар сиёсати хориҷии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтааст ва бо пеш аз 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Ин воқеият низ моро вазифадор менамояд, ки миёни насли ояндаамон забондониро таблиғ намоем.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир сафи ҷавонони омўзанда ва донандаи забонҳои хориҷӣ хеле зиёд шудааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забономўзии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани муошират бо забони англисӣ омўзгорони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд забони англисиро барои донишҷўён, магистрантон ва докторантон бо методҳои нави ҳозиразамон меомўзонанд.

Бисёр муҳим аст, ки омўзиши забони англисиро дар қиёс бо забони адабии тоҷикӣ, яъне забони модарӣ омўхт, зеро ин роҳи омўзиш осонтар  ва самаровартар мебошад. Маълум, ки аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд. Яъне:

Ҳар к-ў ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Дар донишкадаи мо ҳама синфхонаҳо бо ашёи техникии замонавӣ, ба монанди компютер, нурафкан, тахтаи электронӣ ва аёниятҳо ҷиҳозонида шудаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар китобхонаи донишкадаи мо дастуру китобҳои дарсие, ки барои омўзиши амиқи забони англисӣ мусоидат мекунанд, бисёранд. Ин ҷо макони беминнату ройгони омўзиш буда, барои омўхтани забони англисӣ ҳеҷ маҳдудияте нест. Ҳамчунин, барои омўхтани забони англисӣ як омили муҳими дигар шавқу завқ аст. Зеро бе шавқу завқ шахс дар шароити хуб дар забономўзӣ коҳилӣ мекунад.

Мо, омўзгорони ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳангоми таълими забони англисӣ барои донишҷўёни бахши якум машғулиятҳо, маҳфилҳо, корҳои берун аз синфӣ ва корҳои мустақилона аҳамияти махсус медиҳем. Ҳамчунин, малакаҳои омўзиши хонандагонро ташаккул дода, дар дарсҳо роҳу усулҳои нави таълимро ба воситаи маводи дидактикӣ, машқҳои лингофонӣ, сабти овозҳо, нақшаҳо, асбобҳои аёнӣ ва машқҳои лафзӣ васеъ истифода мебарем.

 

 Рухшона АМИНҶОНОВА,

н.и.ф., омўзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш