Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳаракати олимпӣ то омодагӣ ба зимистон

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 876        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода

-Муаллими муҳтарам, биёед, суҳбатро аз  фаъолияти омўзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимии қаламрави ноҳия оғоз бахшем. Мегуфтед, ки дар самти ҷалби мутахассисони ҷавон ба кори омўзгорӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Дар соли таҳсили 2020-2021 101 нафар омўзгори ҷавон ба вазифаи омўзгорӣ ҷалб карда шуданд. Аз онҳо 67 нафар бо маълумоти олии касбӣ ва 34 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд. Соли равон 7 нафар омўзгори  ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок пешниҳод гардиданд. Мо ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон диққати ҷиддӣ зоҳир менамоем. Соли ҷорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ  6 нафар, вилоятӣ  15 нафар ва дар худи ноҳия 175 нафар омўзгор аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Раҳбарияти шуъбаи маориф барои омўзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намудаанд, мукофотпулӣ таъсис додааст. Аз ҷумла, ба  хонандагоне, ки дар  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум (медали тилло) мегарданд, 3000 сомонӣ ва омўзгорашон 2000 сомонӣ тақдим мегардад. Барои ҷойи дуюм (медали нуқра) ба хонанда 2500 сомонӣ, омўзгораш 1500 сомонӣ ва барои ишғоли ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) ба хонанда 1500 сомонӣ ва омўзгор 1000 сомонӣ мукофоти пулӣ супурда мешавад.

-Шумо аз иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ёдовар шудед. Мехостем дар хусуси вусъати ҳаракати олимпӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия маълумот медодед.

-Воқеан, иштироки хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия дар олимпиадаҳои гуногун сол то сол беҳтар мегардад. Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ , ки дар байни хонандагони синфҳои 7-11 гузаронида шуд,  дар он 16 нафар хонандаи синфҳои 7-8, 25 нафар хонандаи синфҳои 9-10 ва 27 нафар хонандаи синфи 11-и ноҳия ширкат варзиданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ чор нафар хонандаи ноҳия - Манучеҳр Шомаҳмедов аз мактаби №2, Сабрина Шомуродзода аз МТМУ №20, Моҳпарӣ Юсуфова аз МТМУ№ 2 ва Мирзоазиз Маҳкамов аз МТМУ №44 аз фанҳои биология, география, физика ва химия иштирок намуда, сазовори  ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ аз рўи фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ  хонандаи мактаби №20 Мавлуддин Холов аз фанни таърих сазовори ҷойи сеюм гардид. Хонандаи синфи 9-и мактаби №2 Шаҳриёр Иноятов дар олимпиадаи сатҳи  ҷумҳуриявӣ аз фанни физика соҳиби ҷойи дуюм шуд. Бояд хотиррасон кунам, ки дар масъалаи омода намудани хонандагон ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ноҳияву минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди  шуъбаи маориф хеле назаррас аст.

- Соли сеюм аст, ки бо дастури Пешвои миллат, му!тарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. Ҳамчунин, соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» ба роҳ монда шуд. Иштироки шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳияро дар ин озмунҳо чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

-Нахуст дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия даври мактабии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд, ки дар он 481 нафар иштирок намуданд (аз ҷумла, 439 нафар  хонанда ва 21 омўзгор). Аз онҳо 144 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ноҳиявӣ 25 нафар хонанда ғолиб баромада, бо дипломи махсус ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар маҷмўъ, 33 нафар хонанда ва 18 нафар омўзгор ба даври вилоятии озмун, ки ҳамин ҳафта оғоз мегардад, роҳхат гирифтанд. Иштироки хонандагон дар озмуни «Илм-фурўғи маърифат» низ назаррас мебошад. Дар даври якуми озмун дар ҳудуди ноҳия 1321 нафар хонада ва 35 нафар нафар омўзгор иштирок намуданд. Дар даври ноҳиявӣ бошад, 313 нафар хонанда ва 12 нафар омўзгор иштирок намуданд ва 32 нафар бо диплом ва 40 нафар бо  Сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Зимнан, даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардида, хонанда Ҳаётқул Раҳимов аз рўйи номинатсияи ихтироъкорӣ ғолиб дониста шуда, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Дар умум, дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар масъалаи татбиқи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф нақша - чорабиниҳо таҳия гардида, корҳои зиёде муташаккилона идома ёфта истодаанд. Дар ин самт фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ибратбахш буда, дар он 32 маҳфил ташкил гардидааст. Дар мактаби №1 Сессияи ноҳиявии  Академияи хурди илмҳо баргузор  гардид. 7 нафар дар ин сессия ғолиб дониста шуда, ба сессияи вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 4 нафар хонандаи ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

-Ба андешаи шумо, дар самти татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳия чӣ корҳои амалӣ анҷом дода шудааст? Мехостем ин мавзуъро муфассалтар тавзеҳ бидиҳед.

-Дар воқеъ, соли равон бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2018-2022» аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ 26 адад компютер, 1 проектор ва 1 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуд. Дар умум, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 944 адад компютер, 42 адад тахтаи электронӣ ва 49 адад видеопроектор мавҷуд мебошад. Мувофиқи талаботи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» тўли 5 сол дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия 3 озмоишгоҳи фаннӣ (аз фанҳои физика, химия ва биология) ва 274 кабинети фаннӣ (аз физика-17, химия - 38,  биология - 43, география- 45 математика – 45, технологияи иттилооотӣ - 41 ва суруд ва мусиқӣ - 43 кабинет ташкил карда шудааст. Шуъбаи маориф дар масъалаи иҷрои барномаи зикршуда нақша – чорабиниҳо тартиб додааст. Танҳо дар давоми соли равон 3 адад озмоишгоҳи фаннӣ ва 12 кабинети фаннӣ харидорӣ ва ташкил карда шудааст. Кормандони шуъба ва устодону омўзгорони ноҳия оид ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, махсусан, забонҳои русӣ ва  англисӣ ва амалан иҷро намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тамоми имконияту тадбирҳоро истифода мекунанд. Айни ҳол дар 66 муассисаи таълимии ноҳия 141 нафар омўзгори забони русӣ ва 132 нафар омўзгори забони англисӣ фаъолият менамоянд. Моҳи октябри соли ҷорӣ семинари дастурдиҳӣ доир ба истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои забони  русӣ ва англисӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ мондани таълими фанҳои зикршуда, дар 10 таълимгоҳи ноҳия хонандагон ҳангоми омўзиши ин фанҳо ба зергурўҳҳо тақсим карда мешаванд. Омўзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ соҳибмаълумоту ихтисосманд буда, дар машғулиятҳои худ аз воситаҳои навини техникӣ (диапроектор, дискҳои таълимӣ ва навиштаҷоту овезаҳо), маводи ёрирасони таълимӣ васеъ истифода мекунанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки даври ноҳиявии озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон»  ташкил ва гузаронида шуд. Аз байни даҳ нафар довталаб, омўзгори мактаби №15-и ноҳия Содирхон Носиров пирўзӣ ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳ ёфт.

-Вазъи муассисаҳои томактабии ноҳия чӣ гуна мебошад? Оё кўдакистонҳо бо мутахассисони варзида ва шароити замонавӣ таъминанд?

- Дар ноҳия чор кўдакистон бо фарогирии чорсаду бисту як нафар тарбиятгиранда фаъолият мекунад. Дар муассисаҳои томактабӣ 19 нафар бо маълумоти олӣ, 4 нафар маълумоти миёнаи педагогӣ ва 3 нафар олии нопурра ифои вазифа мекунанд. Бояд хотиррасон намуд, ки вазъи моддӣ- техникии кўдакистонҳо сол то сол беҳтар мегардад. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия марказҳои инкишофи кўдакон ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, дар заминаи 16 муассисаи таълимӣ дар 20 гурўҳ гурўҳҳои омодагии пешазмактабӣ бо фарогирии 383 кўдак ташкил карда шудааст. Бо кумаки башардўстонаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ 7969 нафар хонандаи синфҳои ибтидоии ноҳия бо хўроки босифати гарм таъмин карда мешаванд.

-Раванди бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия чӣ тавр сурат гирифта истодааст?

-Боиси хурсандист, ки зимни сафари  кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия (28 июли соли ҷорӣ) биноҳои Интернати наздимактабии МТМУ №22 дар деҳаи Анзоб барои 110 нафар хонандаи водии Яғноб ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15, воқеъ дар деҳаи Зеробод бо тантана ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 барои 240 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Зинҳор Исрофилов дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони бинои мактаби нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Фатмев барои 320 ҷойи нишаст идома дорад. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 толори варзишии замонавӣ ба истифода дода шуда, бунёди майдони варзишӣ дар мактаби №47-и деҳаи Пасрўд, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №31, деҳаи Ремон, МТУА №56, деҳаи Сайрон ва МТУА №57, воқеъ дар деҳаи Кумарғ бо маром идома дорад. Аз ҷониби сарпарастон дар назди муассисаҳои таълимии №8-и деҳаи Зоосун ва №19-и деҳаи Сангистон майдончаҳои муҷаҳҳази варзишӣ сохта шуданд.

-Мегуфтед, ки омодагиҳо  ба давраи зимистони дар  пеш истода дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Нақшаи захира намудани ангишту ҳезум ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи дизелӣ пурра иҷро гардида, дар умум 1045 тонна ангишт ба мактабҳои ноҳия интиқол дода шудааст. Шишабандии тирезаҳо дар ҳаҷмии 300м2  (100 фоиз) иҷро гардида, муассисаҳои таълимии ноҳия барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистони дар пеш истода комилан омода мебошанд.

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»,        

Душанбе – Айнӣ -Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш