Нашрияи Омӯзгор

Минтақаи Кўлоб: вақт нигарон намешавад

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 866        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 бо суръат ҷараён дорад. Бояд хотиррасон намуд, ки аз рўзҳои аввали моҳи май ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва ситоди раёсати маорифи вилоятӣ таъсис гардида, мудирони шуъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазифадор карда шуданд, ки баҳри омодагии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ҷораҷўӣ намоянд.

Бо ин мақсад суҳбате доштем бо мудири бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб Ҷ. Шукурзод. Мавсуф иброз дошт, ки имрўз дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, тибқи нақшаи тасдиқшуда, ба миқдори 645 (15%) тонна ангишт, 3888 (26% ) м3 ҳезум захира шудааст. Захира нашудани сўзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, сари вақт аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ҷудо накардани маблағи зарурӣ мебошад. Ҳамчунин, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли сармо муассисаҳои таълимӣ бо 85 (73, 3%) буғхона, 2884 (99, 7%) печи барқӣ ва 5464 (100%) печи аловӣ таъминанд.

Тибқи маълумоти сардори раёсати маорифи шаҳри Кўлоб Қ. Ҳакимзода, дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот, ки 74 ададро ташкил медиҳанд, тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола, ба миқдори 130 тонна ангишт, 1285 м3 ҳезум ва 820 литр сўзишвории дизелӣ бояд захира шавад. Айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳр 30 тонна ангишт ва 780 м3 ҳезум аз захираҳои солҳои пеш мондааст. Мутаассифона, то имрўз аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии деҳот ягон маблағ ҷудо нагардидааст. Бояд қайд намуд, ки 43 муассисаи таълимии дар деҳаҳо ҷойгиршуда бо 475 печи аловӣ ва 47 муассисаи таълимии шаҳр бо 1007 адад печи барқӣ дар мавсими зимистон гарм карда мешаванд. Дар шаҳр 47 муассисаи таълимӣ ва 9 кўдакистон бо хатти барқи озод пайваст гардида, 14 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд. Вале то ин дам маводи сўзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои томактабӣ захира карда нашудааст. Дар ноҳияи Данғара омодагӣ ба фасли зимистон хуб ба роҳ монда шуда, дар минтақаи Кўлоб ягона ноҳия мебошад, ки аз иҷрои нақшаи солонаи захираи маводи сўзишворӣ баромадааст. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Б. Шарифзода иброз дошт, дар ноҳия 80 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад ва тибқи нақша барои гузаронидани фасли сармо 738 тонна ангишт, 1837 м3 ҳезум ва 4265 литр сўзишвории дизелӣ бояд захира карда шавад. То ба имрўз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 738 (100%) тонна ангишт, 1355 м3 (74%) ҳезум ва 2132 литр (50%) сўзишвории дизелӣ дастрас гардидааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сўзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бо маблағи 775 ҳазору 500 сомонӣ маводи сўзишворӣ харидорӣ шудаст. Вале ҳанўз 50%-и муассисаҳои таълимӣ бо сўзишвории дизелӣ таъмин нестанд. Дар ноҳия 74 муассисаи таълимӣ ва 4 кўдакистон ба барқи озод пайваст буда, 16 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд. Дар масъалаи захира намудани маводи сўзишворӣ ҳиссаи АВО-и муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия назаррас мебошад.

Корҳои омодагӣ ба фасли зимистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нисбат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб беҳтар ба роҳ монда шудааст. Аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Н. Ғоибзода бармеояд, ки омодагӣ ба фасли сармо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳанўз аз аввали моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, нақшаи чорабиниҳо оид ба тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон тасдиқ шуда, шартномаи байни тарафҳо бо маъмурони кони ангишт баста шудааст. Тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола, ба муассисаҳои таълимии ноҳия 966 тонна ангишт, 845 м3 ҳезум ва 4940 литр сўзишвории дизелӣ бояд интиқол дода шавад. То имрўз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 966 тонна ангишт (100%), 738 м3 (87, 3%) ҳезум ва 2470 (50%) литр сўзишвории дизелӣ таъмин шудаанд. Имсол барои харидорӣ ва захира намудани сўзишворӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 396 ҳазору 831 сомонӣ ҷудо гардида, то ин дам маводи сўзишворӣ пурра харидорӣ шудааст. Дар ноҳия 2 муассисаи таълимӣ бо барқи озод таъмин буда, аз 23 буғхонаи муассисаҳои таълимӣ 9 ададашон дар ҳолати корӣ мебошанд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Х. Шоймардонов иброз дошт, тибқи нақша барои гузаронидани фасли сармо 1256 тонна ангишт, 1234 м3 ҳезум ва 6200 литр сўзишвории дизелӣ зарур аст. Феълан ба муассисаҳои таълимии ноҳия 1156 (92%) тонна ангишт, 1368 (110%) м3 ҳезум, ва 8000 литр (129%) сўзишвории дизелӣ дастрас гардидааст. Дар ноҳия 9 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли сармо 145 адад гармкунаки барқӣ, 950 адад печи аловӣ дар холати корӣ қарор дошта, аз ҳисоби хоҷагии ҷангал ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 1000м кубӣ ҳезум ва 8000 литр сўзишвории дизелӣ кумак карда шудааст.

Дар ноҳияи баландкўҳи Муъминобод фасли зимистон серборишу сербарф ва хунуку тўлонӣ меояд. Аз ин рў, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагиҳои муассисаҳои таълимии ноҳия барвақттар оғоз мегардад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия С. Иброҳимов дар хусуси омодагиҳо ба фасли сармои имсола чунин гуфт:

 - Аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи зимистонгузаронӣ 305 ҳазору 962 сомонӣ барои харидорӣ намудани 100 тонна ангишт, 2451куб ҳезум ва 2600 литр сўзишвории дизелӣ ҷудо карда шудааст. Айни ҳол 45, 6 (57%) тонна ангишт, 2058 куб (84%) ҳезум харидорӣ гардида, ба анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардонида шудааст. Дар ноҳия 11 муассисаи таълимӣ бо хатти барқи озод пайваст буда, 5 муассисаи таълимӣ тариқи буғхонаҳо гарм карда мешаванд. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 301 гармидиҳандаи барқӣ, 442 адад печи аловӣ ва 12 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд.

Дар ноҳияи Восеъ тибқи нақша имсол барои гузаронидани фасли сармо, муассисаҳои таълимии ноҳия ба 545 тонна ангишт, 1550 куб ҳезум ва 4300 литр сўзишвории дизелӣ эҳтиёҷ доранд. Айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ 114,5 тонна ангишт (23%), 600 м3 куб ҳезум (46%) ва 805 сўзишвории дизелӣ (19%) захира шуда, 51 адад генератори барқӣ, 289 адад гармкунаки барқӣ, 872 печи аловӣ ва 8 адад деги буғӣ дар ҳолати корӣ қарор дорад. Ҳамчунин, 7 муассисаи таълимӣ бо барқи озод пайваст мебошад.

 Дар ноҳияи Ш. Шоҳин рафти омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 қонеъкунанда набуда, тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоев иброз дошт, тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола бояд 161 тонна ангишт, 2260 м3 ҳезум ва 2565 литр сўзишвории дизелӣ захира карда шавад. То ин дам ба муассисаҳои таълимии ноҳия 161 тонна ангишт (100%), 500 м3 (22, 1%) ҳезум ва 186 литр (7, 3%) сўзишвории дизелӣ дастрас шудааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сўзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 399 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ ва як кўдакистон ба барқи озод пайваст буда, 7 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш