Нашрияи Омӯзгор

Меҳргон меҳр афзояд

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 846        Шарҳ: 0

 

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукўҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла, тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукўҳу шаҳомат баргузор менамуданд.

Дар ситоиш ва баргузории ҷашни Меҳргон адибон, сарояндагону  муғанниён  саҳми арзанда гузошта, баҳри бошукўҳи ин ҷашни аҷдодӣ дар ҳамаи давру замонҳо истеъдод ва малакаи ҳунарии худро ба  намоиш  мегузоштанд.  Аз замонҳои қадим дар илми мусиқӣ низ ишораҳо ба ин ҷашн ба назар мерасанд. Масалан, дар гузашта бо номи Меҳргон оҳангҳои зиёде эҷод    шудаанд. Аз ҷумла, Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» аз сӣ оҳанги Борбад ёдовар мешавад, ки яке аз онҳо «меҳргонӣ» ном дорад. Ҳамчунин, оҳангҳои «Меҳргони хурд», «Меҳргони бузург» низ дар замонҳои пешин шуҳрат доштанд, ки  ин  ҳама  аз  завқи  баланди мардуми  тоҷик  башорат  медиҳад

Дар миёни мардум дар давраи салтанати Сомониён ба Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир мешуд ва онро дар  сатҳи  баланд  доир  менамуданд. Баъдҳо низ ин ҷашн пойдор монда, баргузор шудани он барои кишоварзон, деҳқонон, ва умуман, аҳли адабу ҳунар, хурду бузурги тоҷик воситаи хуби хушҳолию хушнудӣ маҳсуб меёфт.

Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод»  яке аз ин гуна ҷашнҳоро ба  таври  муфассал тасвир намудааст, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт ва ҷашни Меҳргонро ба ёд меоварад. Устод Айнӣ бидуни ишорат ба Меҳргон, ба таври муфассал раванди баргузории ин ҷашнро, ки худ дар он ширкат варзидааст, тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудсароиҳо, шўхиҳои мардум бо самимият ёд карда, он саҳифаҳоро ҳунармандона ба қалам додааст. Аз ҷумлаи аввали устод маълум мешавад, ки ў ишора ба Меҳргон дорад, вале шояд бо таъсири мароми замон вай ошкоро номи ин ҷашнро нагирифта, васфашро ба қалам овардааст.Чунончи: «Тирамоҳ шуд, вақти сайри Дарвешобод расид…». Сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рўзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рўзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард..» (Айнӣ, Куллиёт, Д., 1962, с.121).

Аз ин навиштаи  устод Айнӣ маълум мешавад, ки сайри Дарвешобод, яъне Меҳргон чанд ҳафта идома меёфтааст. Устод Айнӣ чӣ гуна ба тамошои сайр рафтанаш ва дидаҳояшро ёдовар шуда, макон ва масоҳати ин ҷашнгоҳро низ шарҳ додааст: «Мо ба сайргоҳ рафтем. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада, ба тарафи Бухоро мерафт. Ин роҳ аз даҳанаи бозор то мадрасаи Чўбини Ғиждувон, монанди як хиёбон, васеъ ва рост мерафт. Фақат ду тарафи роҳ бедарахт буд. Дар тарафи ғарбии ин роҳ 10 гектар барин замини чоркунҷа буд, ки сайргоҳ дар он ҷо барпо шуда буд. Ин қитъа ба палҳои яктанобӣ, нимтанобии киштзор ҷудо бошад ҳам, соҳибони он замин дар аввалҳои моҳи сентябр киштҳои худро ғундошта гирифта, барои сайргоҳ муҳайё карда буданд ва бо пули иҷорае, ки аз дўкондорони сайр мегирифтанд, зарари кишти барвақт ғундоштаи худро дучанд карда мебароварданд.Ин қитъа сар то сар аз шимол ба ҷануб ба растаҳо ҷудо карда шуда буд. Дар ду тарафи он растаҳо бо бўрё ва ходачаҳо, каппамонанд дўкончаҳо сохта буданд, ки баъзеи он дўконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо буданд» (Айнӣ, Куллиёт, Д., 1962, с.123).

Аз ин тасвири устод Айнӣ баръало мушоҳида мешавад, ки мардум  ба ҷашни Меҳргон низ мисли ҷашни  Наврўз ба таври махсус  омодагӣ мегирифтанд. Устод Айнӣ дар ин ҳикояти саргузаштии хеш – «Сайри Дарвешобод» дар бораи яке аз сайргоҳҳои Меҳргон, ки дар Бухоро баргузор мешудааст, нақл кардааст. Ў зимни нақли худ ёдовар шуда, ки дар сайргоҳ барои мардум дилхушиҳое, ба монанди сурудсароӣ, маддоҳӣ (қиссахонӣ), тарфбозӣ (як навъ бозӣ бо оташ), қартабозӣ, ғирғиракбозӣ, мушакҳои коғазӣ, хартозӣ, тагалҷангбозӣ ва амсоли ин баргузор мегаштааст. Зимнан барои тафреҳи мардум анвою ақсоми ғизоҳо, ҳалвоҳо, нонҳо пешкаш гардида, дўконҳо, чойхонаҳо низ фаъол будаанд.

Тайи чанд соли охир пас аз даҳ рўзи аввали моҳи сентябр то моҳи ноябр бо супориши ҳукумати Тоҷикистон бо  истифода аз  созҳои  карнаю сурнай, суруду  таронаҳои дилнишин, рақсу тарона дар тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ба таври расмӣ бо шаҳомати хеле баланд барпо мегардад, ки дар натиҷаи он ҳунармандон тамоми нозукиҳои санъати баргузории ҷашни Меҳргонро дар нақшҳо ва суруду оҳангҳои худ таҷассум менамоянд. Дар муассисаҳои таълимӣ хонандагон,  дар донишгоҳҳо донишҷўён тибқи намоишномаҳои махсуси театрӣ барномаҳои ҷаззоберо иҷро менамоянд.

Баҳрулло Хайрулло,

ноиби ректор оид ба

корҳои эҷодии ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш