Аҳли зиёи вилояти Хатлон аз ҳодисаи нангине, ки бо сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омад, сахт дар изтироб буда, онро қотеъона маҳкум менамоянд.
Кулли мардуми вилояти Хатлон аз ин амал дар ғазаб омада, аз рух додани он барои тарбияи чунин фарзандони нохалаф сархам гаштаанд. Афсӯси он модаре, ки ин ҳайвонтабиатҳоро ба дунё овард, афсӯси ин сарзамин, ки ин нохалафҳоро дар домани худ тарбия намуд. Заҳр бошад он шире, ки модар ба ин хиёнаткорон дод.
Ин амали ғайриинсониро мо барои худ нанг ҳисобида, андуҳгин аз он ҳастем, ки нафаре чанд аз ҷавонони гумроҳи номусгумкарда ба васвасаи шайтонии хоҷагони худ дода шуда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳангӣ, аз қабили инсонгароӣ ва меҳмондӯстиро, ки миллати сарбаланди тоҷик дорад, зери по карда, қасди ҷони нафарони бегуноҳ кардаанд. Ин амал моро бори дигар ҳушдор дод, ки экстремизму терроризм қудрати зиндамонӣ дар дилхоҳ муҳитро дошта, ҷавҳари ғайриинсониашро ҳаргиз дигар намекунад. Аз ҳама аламовараш он аст, ки саркардагони он дастпарварони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, омодагӣ ва омӯзишҳоро таҳти мақсадҳои пардапӯшонаи ин ҳизби хиёнаткор дар кишварҳои бегона гузашта, бо амалӣ гӯшношид чеҳраи манфури худро ба ҷомеа нишон доданд.
Ин нохалафон имрӯз берун аз кишвар даъвои ватандорӣ карда, дар дохили кишвар гумоштагонашон ба амалҳои ҷоҳилона даст зада, обрӯи давлату миллатро паст мезананд. Имрӯз мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ин ҳизби хоин дар ҷомеаи мо аз байн рафта бошад ҳам, ҳанӯз пасмондаҳояш ҳамчун оризаҳои бемории хатарнок боқӣ мондаанд.
Боварии кас намеояд, ки ҷаҳолат то он дараҷа фарогири ин аз худобаргаштаҳо шудааст, ки дар рӯзи равшан дар шароите, ки атроф пур аз шоҳидон буд, ба чунин амали касифонаи худ даст зада, ба обрӯи миллат дар назди бегонагон латма заданд.
Ин амали нангин шаҳодати он аст, ки раванди тарбияи фарзанд дар замони имрӯза қотеият ва ҷиддиятро тақозо намуда, мутаассифона, на ҳамаи падару модарон ин хусусиятро ба инобат мегиранд. Ин аст, ки амали чанд нохалафе боиси сархамӣ ва хиҷолати аҳли ҷомеа мегардад.
Медонем, ки ягон тасаллию дилбардорӣ таскини дарди наздикони фавтидагон намегардад, вале мавқеи худро нисбат ба ин ҳодиса қотеъона муайян намуданро қарзи инсонии худ медонем ва ба наздикони онҳо изҳори тасаллияти худро баён менамоем. Мо мутмаинем, ки боқимондаҳои ин хоинон аз руйи қонун ҷазои сазовори худро мегиранд.
АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр