Нашрияи Омӯзгор

Алҳазар аз ғояҳои хатарноку бебунёд!

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 886        Шарҳ: 0

 

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон волотарин дастовард дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, оғози дубораи давлатдории миллати тамаддунсозу куҳанбунёд ба шумор меравад. 30 сол қабл кишвари мо истиқлол ба даст овард, вале душманони дохилӣ ва хориҷии кишварамон намехостанд, ки тоҷикон соҳиби як давлати соҳибистиқлолу озод шаванд, бинобар ин, дар Тоҷикистон оташи ҷангро барафрўхтанд. Барои ба эътидол овардани ин вазъ роҳбари кордоне лозим буд, ки боварии мардумро ба даст ораду давлатро аз хатари нестшавӣ халос намояд. Хушбахтона, ин гуна шахси боиродаву боматонат ба майдони сиёсат қадамҳои қавӣ гузоштанд ва дар як муддати кўтоҳ кишваррро аз вартаи ҳалокат раҳониданд. Сарвари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмонов дар нахустин баромадашон аз минбари баланд ба мардум ваъда доданд: “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам”.

Ба ваъдаи худашон вафо карданд ва зиёда аз як миллион гурезаро, ки аз тарси ҷонашон ба кишварҳои бегона ҳиҷрат карда буданд, ба ватани аҷдодии худ баргардонида оварданд. Сулҳи тоҷикон барқарор гардид, аммо мамлакатро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳонидани шаҳрвандон аз вартаи ҳалокатбор ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми деҳот 75 ҳазор гектар заминро ҷудо карда, ба халқ доданд, ки ин заминҳо то имрўз бо номи “замини Президентӣ” мавриди киштукор қарор доранд. Тамоми вазорату кумита ва дигар ниҳодҳо барқарор карда гардида, рамзҳои давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Бо роҳбарии Пешвои миллат се ҳадафи стратегияи миллӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи ҳалли худро ёфта, ҳоло мардум барои иҷрои ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар сарбаландона фаъолият карда истодаанд. 

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати сулҳҷўёнаю созанда эътироф шудааст. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ оид ба таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир сухан ронда, кулли мардуми кишварро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамоянд.

Мо - шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонони Ватанро лозим аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёру бедор бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба хабарҳои дурўғу иғвоангез, ки аз тарафи аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву бегона  паҳн карда мешаванд, бовар накунем. Зарур аст, ки ба хотири ободу зебо гардонидани кишвар ва некуаҳволии халқамон бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ талош намоем. 22 июли соли 2021 дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои сарҳадии кишвар, бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои ҳарбӣ таҳти унвони “Марз-2021” гузаронида шуд, ки дар он 100 ҳазор нафар афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсару сарбози ҳайати захираҳои сафарбарии тамоми қаламрави мамлакат ба бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуданд. Дар чорабинии зикршуда 1023 техникаи зиреҳпўши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артилерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиавии зиддиҳавоӣ, 45 тайёра ва чархболи ҷангиву нақлиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ бароварда шуданд. Чорабинии зикршуда нишон дод, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавонад дар ҳар вақту ҳолат худро аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ эмин нигоҳ дорад.

Ҷамолиддин Сироҷзода,

директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш