Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили муҳими соҳаи маориф

Сана: 2021-10-27        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар толори раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рамазон Насриддинзода, сардори раёсат Ашўралӣ Олимӣ ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ва дигар кормандони соҳа баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур 15 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашўралӣ Олимӣ доир ба фаъолияти раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳисобот дод. Қайд гардид, ки дар ин давра ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Баъдан Давлат Сафаров, сармутахассисии раёсати маорифи вилоят, оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» дар муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияҳои Ховалинг, Фархор, А. Ҷомӣ ва Кушониён баромад кард. С. Алимардонов, сармутахассиси раёсат дар бораи омўзиши ҳолати таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Шаҳритус, Данғара ва Темурмалик, оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабии ноҳияҳои Ховалинг, Вахш, Ҷайҳун ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муовини директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ Ф. Ҳотамов, сармутахассиси раёсати маориф Баҳриддин Ҳалимов, оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа Н. Подшоҳзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон, М. Навкарова, сармутахассис, А. Усмонов, сармутахассис ва Ҷ. Идизода, мудири бахши банақшагирӣ, иқтисод ва захираҳои кадрии раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба раванди иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон ҳисобот доданд.

Ҳамчунин, оид ба гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сўхтор дар муассисаҳои таълимӣ, бартараф намудани вайронкуниҳои қонун, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар соҳа, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва cамарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» баромад намуданд.

С.АЗИЗӢ,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш